http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам,
Ба чандин орзуят дар мақоми дил намебинам.

Ту вақти ҳар ғурубе меравӣ чун офтоб аз ман,
Вале чун ахтари шомат ба шоми дил намебинам.

Саломам медиҳӣ ҳар рӯз мисли ошнорӯе
Вале боре саломатро саломи дил намебинам.

Сухан аз боду борон гӯиву вазъи ҳавою об,
Ман аз вазъи каломи ту каломи дил намебинам.

Гаҳе гӯӣ, ки шеъру номи ман вирди забони туст,
Раво бошад, чаро ман дар ту номи дил намебинам.

Ту аз он пухтагонӣ, гар зи савдоят бисӯзад ҷон,
Умеди пухтани савдои хоми дил намебинам.

Агар чун заррае дар маснади ҳурмат нишинад дил,
Ман аз ту заррае ҳам эҳтироми дил намебинам.

Ба ёди ту ҳазорон ҷомро кардам тиҳӣ, аммо
Туро аз меҳри ман саршор ҷоми дил намебинам...

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|