http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ман бандаи он қавм ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд.
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд.
Мавлавӣ.

Гарчи худ офтобу моҳи худем,
Монда дар инзивои чоҳи худем.

Тоҷикему ба ҳам наҷӯшида,
Тоҷикему на хайрхоҳи худем.

Хуни афсурда, ҷони озурда
Хуфта дар пои хонақоҳи худем.

Қаҳрамонони ҷанги миллаткуш –
Қотили халқи бегуноҳи худем.

Чун сипоҳигарӣ намедонем,
Рахнаи марзи бесипоҳи худем.

Дар паноҳи хирад наёсудем,
Душмани мулки бепаноҳи худем.

Носипосони бахшиши қисмат,
Зомини қисмати табоҳи худем.

Заҳрае нест ки ба Зӯҳра парем,
Заҳри қаттоли гурдагоҳи худем.

Гирди кори ҷаҳон нагардидем,
Теғи хаста ба гирдгоҳи худем.

Малаху мӯр донаро бурданд,
Бодсозандагони коҳи худем.

Тухми некӣ дигар намерӯяд,
Киштзори аҷалгиёҳи худем.

Раҳзане роҳи хештан назанад
Мо ҳама раҳзанони роҳи худем.

Худхурӣ мекунам шабони сияҳ,
Ки чаро мо шаби сиёҳи худем.

Оқибат ин суол мекушадам,
Ки чаро мо на хайрхоҳи худем?

Ақлҳо аз чӣ тира, эй мардум,
Мо агар офтобу моҳи худем?

19.02.1994 – Бемористон
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Всем известная "собачка" – символ @ – стала использоваться в адресах электронной почты с легкой руки Рэя Томлинсона (Ray Tomlinson), который, собственно, электронную почту и придумал. Дата появления "собачки" в компьютерном мире – 1972 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|