http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Осон куҷо ба маснади иззат расидаем,
Баъд аз ҳазор хорию зиллат расидаем.

Дар хуни хеш ғарқаи гирдоб будаем,
Ҷон додаву ба ҷониби давлат расидаем.

Дар хуни дил нишаставу аз ашки шӯр кӯр,
Сар бохта ба сарҳади роҳат расидаем.

То дастранҷи заҳмати мо доне бар диҳад,
Эй бас ба вартаи ғаму кулфат расидаем.

Сарҳои сад ҳазор бузурге ба хок рафт,
То мо ба хокбӯсии миллат расидаем.

Як Рӯдакӣ набуд, аз ӯ беш кӯр шуд,
То мо бад-ин муҳити басират расидаем.

Бас хурдаем зарбу лат аз хоҷадавлатон,
То ҳолия ба давлати сармад расидаем.

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|