http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Эй миллати хобида, бистезу талоше кун!
Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун!

Эй оҳи гиреҳхурда дар ҳанҷараи торих,
Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун!

Ганҷинаи ту бурданд, нақдинаи ту хурданд,
Эй соҳиби тарсида, бистезу талоше кун!

Рангат шуда берангӣ, ҳангат шуда беҳангӣ,
Санги натарошида, бистезу талоше кун!

Аъмоли ту беҳуда, ишколи ту накшуда,
Эй махзани пошида, бистезу талоше кун!

Олуда ба ҳар гарде, печида ба ҳар дарде,
Бо хеш напечида, бистезу талоше кун!

Дарёи равон дорӣ, дилҳои ҷавон дорӣ,
Бонги касе нашнида, бистезу талоше кун!

Эй дори табархурда, озурдаву пажмурда,
Эй дасти наёзида, бистезу талоше кун!

Эй тахти сияҳтахта, худ соҳиби тахтат бош,
Эй доди наварзида, бистезу талоше кун!

13.07.1991
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|