http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда,
Андар макони хеш дилам ломакон шуда.

То рӯи хунчакони туро ёд мекунам,
Бо ёди рӯи ту дили ман хунчакон шуда.

Эй беназири ман, ки назират дилам надошт,
Бе ту замони зиндагиям безамон шуда.

Аз ошёни қудсии уммедҳои ман
То рафтаӣ, умеди ман беошён шуда.

Дар чор фасли сол ту будӣ гули дилам,
Акнун дилам ба панҷаи бими хазон шуда.

Ҳар ҷо, ки бо ту будаму бо ту қадам задам,
Холӣ чу хони муфлиси бехонумон шуда.

Варзоб низ мисли ман ёди ту мекунад,
Варзоб низ бе ту чу ман дилгарон шуда.

Зуд о, ки зуд меравад умри сабукинон,
Чун аспи бодпои раҳо аз иноншуда...

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|