http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Дунёи бекарона зебост бо тарона,
Бо шеъри ошиқона, бо ишқи шоирона.

Дунёст гар ягона, бо ақли оқибатбин
Посаш надорӣ, ёбӣ дунёи посгона.

Дар хок бӯи гӯру дар об тамъи марг аст,
Гӯёст мурдахона дунёи обу дона.

Маҷрӯҳ рӯҳи инсон аз заҳрбори кайҳон,
Пурбим ҷони инсон дар зери осмона.

Пирони ақл гӯӣ мерос мегузоранд
Имрӯзи беҷавонӣ, фардои беҷавона.

Эй одами силаҳшӯр, дунё зи мурда шуд пур,
Ақли ту медарояд бе ҷангу бонг ё на?

Як сӯй таркиши гил, як сӯй таркиши дил,
Бофад яке фасона, ҷӯяд дигар баҳона.

Мутриб, бизан навое, тарсам, ки аз хатое
То охири тарона охир шавад замона...

[1997]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
...что первая мышка для компьютера была сделана из дерева
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|