http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ноком будам, ту комронам кардӣ,
Гумном будам, ту достонам кардӣ.

Гӯӣ ки расида буд поям лаби гӯр,
Бо ишқи ҷавони худ ҷавонам кардӣ.

Беишқ хазони бебаҳоре будам,
Бо ишқ баҳори бехазонам кардӣ.

Ман санг будам, ту нанг омухтӣ маро,
Ман гунг будам, ту хушзабонам кардӣ.

Ман манзили ишқро намедонистам,
Якбора ту соҳиби ҷаҳонам кардӣ.

Гумкардараҳе ба хонаи худ будам,
Раҳёб ба хони ҷовидонам кардӣ.

Ман қатра будам, ту кардӣ дарёи муҳит,
Ман хок будам, ту осмонам кардӣ.

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|