http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ,
“Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ” .

Тозакориҳотро қурбон шавам,
Мисли ҳар соҳибҳунар шод омадӣ.

Дар дилам кардӣ назар бо чашми гул,
Гулҷамолу гулназар шод омадӣ.

Аз қадамҳоят дилам гул мекунад,
Эй арӯси раҳгузар, шод омадӣ.

Дар раги ҳар майсаат маҷрои ризқ
Баҳри абнои башар шод омадӣ.

Дар лаби ҳар ғунча овардӣ паём
Аз саховат, аз самар, шод омадӣ.

Дар канорат мебарад инсон ба сар
Як дами бедарди сар, шод омадӣ.

Эй биё, гул гуфтаву гул бишнавем,
Гул ба домон, гул ба сар шод омадӣ.

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|