http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Накашам бими хазон, то ту баҳорам бошӣ,
Нашавам нақши замин, то ту нигорам бошӣ.

Нагсалад силсилаи умри ман аз давлати ишқ,
То ту, эй силсиламӯ, силсиладорам бошӣ.

Даст аз кори дили хеш набардорам ҳеҷ
То ту дар ишқу сафо даст ба корам бошӣ.

Об умре ба лаби ҷӯй баробар бошад
То ту чун сарви лаби ҷӯ ба канорам бошӣ.

Аз раҳи умр ба каф бод нахоҳам рафтан,
Гар ту аз умр ҳама дору надорам бошӣ.

Раҳ ба раҳ лахти дил афшонаму ёдат бикунам
Гар ту дилсӯхта дар роҳгузорам бошӣ.

Аввалу охири дунё бари ман ишқи ту аст,
Гар ту то охири умр аввала ёрам бошӣ.

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|