http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Дар бораи мактаб
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Мактаби насли нав ва Тоҷикистони нав

Моҳи августи соли 2000 дар шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон шуда гузашт, ки дар он мактаберо созмон доданд, ки технологияҳои компютериро меомӯзад. Муассисони ин мактаб ширкати "Вавилон-Т", хазинаи кӯдакони "Ошёни баланд"-и ба номи М.Турсунзода ва устоди улуми компютер Толиби Розӣ буданд. Дар он сол ширкати сарпарасти мактаб "Вавилон-Т" нав таъсис ёфта буд. Аз гуфтаҳои роҳбарони ширкат, қадами гузошта шуда на барои ба даст овардани манфиат, балки барои дастрас ва ройгон намудани омӯзиш барои ошкор сохтани қобилияти мактаббачагон дар соҳаи технологияи компютерӣ ба шумор мерафт. Чунки онҳо ояндаи мо ва давомдиҳандагони кори ширкати мо мебошанд ва онҳо бояд дар ҷавонӣ аз ин илмҳо бархурдор бошанд. Ин орзуи деринаи муассисони ҳамин мактаб буд.

Ҳамагон медонанд, ки дар он солҳо дар ягон мактабҳои таҳсилоти умумӣ компютерҳои ҳозиразамон вуҷуд надоштанд. Ёрии аввалини заминаи техникиро хазинаи кӯдакони "Ошёни баланд" – и ба номи М. Турсунзода расонид. Директори ин хазина Масъуд Турсунзода 10 компютери навъи IBM PC Pentium 1 – ро ба мактаб супорид. Ташкили мактаб бар уҳдаи яке аз асосгузорони ин мактаб - Толиби Розӣ ки яке аз устодон ва барномарезони соҳибтаҷриба дар ҷумҳурӣ мебошад, гузошта шуда буд. Ҳамин тариқ Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ моҳи сентябри соли 2000 ташкил ёфт, чи хеле, ки дар боло зикр гардид ташкилкунандагони он хазинаи кудакони "Ошёни баланд"-и ба номи М. Турсунзода, ширкати «Babilon -T» ва устод Толиби Розӣ шуданд. Баъд аз ду моҳи ташкили мактаб, омӯзиши наврасон дар соҳаи технологияҳои компютерӣ аз рӯи барномаҳо дар сатҳи баланди талаботҳои ҳозиразамон оғоз ёфт. Устодони аввали он директори техникии ширкат Бахтиёр Муминов ва Толиби Розӣ буданд. Аз нимаи дуввуми сол барои омӯзиши сафҳаороии Web (сайтсозии Интернет) Ҷаъфар Осимов даъват шуд. Бо ташаббуси директори хазинаи кудакони "Ошёни баланд"-и ба номи М. Турсунзода – Масъуд Турсунзода, ки баъдан директори МТИИ интихоб шуд, як гурӯҳи наврасон барои омӯзиши радиотехника ва радиоэлектроника ҷалб шуданд. Дар соли якуми омӯзиш як синфи компютерии дигар бо 10 компютер таъмин гашт. Оиди талаботҳо ва қабул ба мактаб аз тариқи ВАО – и ҷумҳурӣ ба ҳамагон эълон шуд, ки то ҳоло шарту шароити дохилшавӣ ба мактаб тағир наёфтаанд. Ба мактаб наврасони 13-16 солаи мактабҳои шаҳри Душанбе қабул карда мешаванд. Ба гурӯҳи аввал 50 ҷой пешбини шуда буд, ки баъд аз санҷише, ки 160 нафар дархост бо ҳуҷҷатҳо муроҷиат намуда буданд, беҳтаринҳо қабул шуданд. Дар маҷмуъ се гурӯҳ ташкил дода шуд. Дар нимаи дуввуми соли 2000 10 дастгоҳи компютерии истифодашударо созмони CADA ба мактаб ҳадя кард. Пас аз ин дар соли дуввуми хониш 2001/2002 дар мактаб ду синфи компютерӣ ва як синфи радиоэлектроника фаъолият мекард. Шумораи гурӯҳҳо ба 6 (шаш) расонида шуда, дар соли дуввуми хониш 135 нафар ба мактаб қабул шуд. Дарсҳо аз ибтидо ба забони тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирифтанд. Нимсолаи аввал дар гурӯҳи компютерӣ аз ошноӣ бо компютер ва технологияҳои оддитарини вобаста ба он шурӯъ мешуд. (Ҳоло ҳам ин анъана идома дорад). Аз нимаи дуввуми сол дарси барноманависӣ дар муҳити Visual Basic 6 шуруъ шуда ва он ду семестр давом меёфт. Баъд аз он дарсҳо бо нақшаи пештаҳияшуда ба омӯзиши дарсҳои HTML, CSS, DHTML, ки бо фарогирии онҳо талабагон ба сайтсозӣ машғул мешуданд. Дар ҳафт соли фаъолият аз тарафи хонандагони он бештар аз 350 сайт ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сохта шуд. Қайд кардан зарур аст, ки сайтҳои сохташудаи тоҷикӣ яке аз аввалинҳо дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафтанд, чунки сохтани сайтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 оғоз ёфт. Дар он замон Системаи Омилии (СО) Windows 2000 ва баъдтар Windows ХР, дар онҳо ҳуруфоти тоҷикӣ истифода намешуд. Барои ҳамин бунёдсозандагон дар созиши сайтҳои тоҷикӣ ба мушкилотҳои техникӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Аз тарафи устодони мактаб Толиби Розӣ ва Ҷаъфар Осимов роҳи ҳалли масъала ёфт шуд – ҳуруфи ягонаи тоҷикӣ, ки имконият дод матнҳои тоҷикиро дар сайт ҷойгир кунем. Номи ин ҳуруф - Palatino Linotype мебошад. Пас аз истифодаи ин ҳуруф наврасон аввалин сайтҳои худро бо забони миллӣ месохтанд. Сайтҳои Россия, Казоқистон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ - ро омӯхта, хонандагони мактаб дар ороиши сайт рақобати комилро нишон медоданд, ки пасон ба муваффақиятҳои назаррас расиданд.

Ҳамин тариқ қадамҳои аввалин дар давраи мушкили инкишоф ва рақобат гузошта шуд. Мавзӯи сайтҳо асосан ин «Мактаби ман» буд. Дар дигар мавзуот низ сайтҳо сохта мешуданд. Дар аввали соли 2001 бо ташаббуси устодони мактаб Бахтиер Муминов ва Толиби Розӣ аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дастгирӣ ва сарпарастии ширкати «Вавилон-Т» ва махсусан директори генералӣ Ҳабибуллоев Беҳзод озмуни беҳтарин сайт миёни сайтсозони шаҳри Душанбе дар бинои Иттифоқи нависандагони ҶТ гузаронида шуд. Иштирокчиёни озмун – асосан мактаббачагон фаъолияти бузургро нишон дода, соҳиби ҷоизаҳо шуданд ва бо ифтихорномаҳои махсусу тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ин гуна озмунҳо рӯз аз рӯз бо ташаббуси провайдерҳои Интернет паҳнкунандаи ҷумҳурӣ зиёд шуда истодаанд.

Аз оғози тобистони соли 2001, аввалин мактаб дар Тоҷикистон, ки омузиши ройгонро ба роҳ мондааст – МТИИ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд, чунки ӯ маҷбур шуд аз як бино ба бинои дигар бо сабабҳои гуногун гузарад. Ҳамин тариқ дар ду соли фаъолият МТИИ маҷбур шуд, ки се биноро тарк гӯяд. Ба ҳолате, ки панҷ дарсхона дар натиҷаи аз ҷое ба ҷои дигар кучондан гирифтор шуданд ва лавозимоту асбобҳои компютер ва дигар қисмҳои дар онҳо монтаж карда шуда буданд, пас аз кӯчиш онҳоро боз аз сари нав монтаж намуданд, сахт таасуфовар аст. Дар ҳоли ҳозир мактаб фаъолияти худро дар бинои «Тоҷикатлас», ки ба туфайли ёрии ҳамаҷонибаи роҳбарияти ширкати «Babilon-T» сурат мегирад, давом медиҳад, умедворем, ки он азобу ранҷҳое, ки ба сабаби кучидани мактаб пеш меомад ба охир мерасанд.

МТИИ то моҳи ноябри соли 2004 –ум мувофиқи низомномаи хазинаи кудакони "Ошёни баланд"-и ба номи М. Турсунзода, амал мекард. Аз 29 ноябри соли 2004 «Мактаби технологияҳои иттилоотӣ иртиботӣ - МТИИ» ва низомномаи ӯ дар Вазорати Адлияи ҶТ (№ сабт 001-1455, № шиноснома Ва 0007038) ҳамчун ташкилоти беруназмактабӣ ва ғайридавлатӣ сабт шуд.

Мушкилоти дигаре, ки МТИИ бо он рӯ ба рӯ шудааст ин доими набудани иҷорадиҳандагони бино аст, ки имконият намедиҳад иҷозатномаи Вазорати маорифро гирад. Ба ҳамин сабаб МТИИ наметавонад сертификат ва шиноснома дар бораи хониш диҳад.

Ба ин ҳол нигоҳ накарда, масъулони мактаб тамоми қувваашонро ба он сарф мекунанд, ки тамоми пешравиҳои ҷаҳонро дар соҳаи технологияҳои навтарин омӯхта хонандагонро ба омӯзиш даъват намоянд. Дар тули ҳашт соли фаъолият тарзи дарсгӯи ва протсесси омӯзиш хело пеш рафтааст. Хонандагони мактаб дар тӯли соли хониш бо тамоми нозукиҳо ва истифодаи технологияҳои компютерӣ омӯзонида мешаванд ва онҳо имконият пайдо мекунанд, ки равишҳои ҷудогонаро ба монанди: тарҳрезӣ- барномарезии компютерӣ, web – ороишгарӣ, графикаи компютерӣ, мудирияти шабакаҳо (администрирование сетей), сохтани пойгоҳи додаҳо ва ғайраҳоро интихоб кунанд. Омӯзиш ба монанди донишгоҳҳо дар давраҳои нимсола (тариқи семестрӣ) сурат мегирад. Дар поёни ҳар як семестр (давомнокии 1 семестр 4 ё 5 моҳ) донишу малакаи хонандагон тариқи санҷишу имтиҳон ва сохтану намоиш додани презентатсияҳо (слайдҳо) сурат мегирад. Ба хонандагони болаёқат ва қобилияти фавқулодда дошта шароитҳои махсус ташкил карда мешавад. Баъд аз хатми мактаби миёна онҳо имконият пайдо мекунанд, ки тариқи сарпарастии ширкати «Вавилон-Т» ва «Вавилон-М» хониши худро дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ давом диҳанд. Аз оғози соли 2001 – 18 нафар хатмкунандаи МТИИ тариқи сарпарастии ширкатҳои дар боло зикргардида дар донишгоҳҳои техникӣ хониши худро давом дода истодаанд. Аввалини хатмкунандаи донишгоҳ дар соли 2007 соҳиби маълумоти олӣ гардид.

Қисми зиёди хатмкунандагони мактаб мутахассиси баланд шуда дар ширкатҳои гуногуни кишвар ва берун аз марз кор ва фаъолият мебаранд. Дар куҷое, ки хатмкунандагон таҳсилашонро давом надиҳанд, онҳо аз дигарон хело фарқ мекунанд. Дониши баланди онҳо ҳайрати шарикдарсон ва устодонро афзун мекунад. Масалан, яке аз хатмкунандагони ин мактаб Лолакова Зарина, ки Донишгоҳи технологии Маскавро аъло хатм намудааст, ҳоло корманди пешбари ширкати «Вавилон-М» мебошад. Хонандаи дигар дар Донишгоҳи радиоэлектроника ва алоқаи Одесса, хатмкунандаи дигар дар Лос-Анҷелес штати Калифорнияи ИМА, дигар дар Донишгоҳи Шанхаи ҶХХ таҳсилашонро давом дода истодаанд.

Динамикаи фаъолияти МТИИ чунин наст:

Соли хониш

Шумораи асосии хонандагон (мактаббаччагон) 

Курсҳои кӯтоҳмуддат

Лоиҳаҳо

 

 

 

 

 

1.

2000/2001

75

112

-

2.

2001/2002

135

143

-

3.

2002/2003

120

120

-

4.

2003/2004

115

112

-

5.

2004/2005

125

80

(ид.давл.)
42

6.

2005/2006

130

125

-

7.

2006/2007

120

117

-

8.

2007/2008

140

100

-

Ҳамагӣ:

805

909

42

Ҷамъулҷамъ:

1756

Ҷамъулҷамъ аз соли 2000 то 2008 дар МТИИ 1756 нафар хонанда таҳсил намуд.

Дар соли хониши ҷорӣ дар барномаи омузишӣ дигаргуниҳои ҷиддие дар назар аст. Аз он ҷумла аз Visual Basic 6 гузаштан ба омузиши Pascal ва Delphi. Дар барнома ҳамчунин ошнои бо системи омилии Linux, ки нусхаи Mandrake-10-и он пурра ба забони тоҷикӣ баргардонида шудааст. (Оиди ин мавзӯъ ба сафҳаи дигари сайти www.cit.tj нигаред). Инчунин мактаб нақша дорад, ки дарсҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисиро ба роҳ монад.

Имрӯз таҳти сарпарастии ширкати «Вавилон-Т» ва «Вавилон-М», шумораи синфхонаҳои компютерӣ ба панҷ расид, ки ҳар як бо компютерҳои IBM PC Pentium IV таъминанд. Дар мактаб то ҳоло синфи радиотехника ва радиоэлектроника амал дорад.

Ҳамчунин бояд web – саҳифаи мактаб www.cit.tj -ро низ қайд кард. Дар назари аввал мумкин аст оддӣ намояд, вале дар натиҷаи истифодаи он Шумо бисёр маълумоту ахбори ҷолибро метавонед дастрас намоед. Дар он инчунин маводҳои таҳсилиро метавонед дастрас кунед. Дар ҷумҳурии мо ҳамин гуна web – саҳифа ягона мебошад, чунки дар ӯ:

  • аввалин web – саҳифа, ки дар ӯ луғатҳои техникӣ ба монанди «Вожаномаи компютер» ва ғ., ки дар шакли бархат (on-line)
  • аввалин китобҳои электронӣ бо забони тоҷикӣ;
  • аввалин дарсҳои бархат (on-line);
  • аввалин санҷишҳои бархат (on-line) бо забони тоҷикӣ;
  • аввалин мақолаҳо ва маводҳои ёрирасон барои муассисони сайтҳои ҷумҳуриамон, ки бо қазияҳои забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти он рӯ ба рӯ мешаванд, мавҷуданд;

Омори сайт дар соҳаи илм ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар ҷои аввал ё дуввум аст. (ниг. www.top.mail.tj)
Аз моҳи августи соли 2006 устодон ва фаъолони мактаб якҷоя бо Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таври расмӣ истифодаи ҳуруфоти тоҷикиро дар шабакаи Интернет ва бунёди корпуси ягонаи забони тоҷикиро оғоз намудаанд. Дар қадами аввал ин дар web - саҳифаи мактаб насби мероси адабии шоири бузург устод Абуабдулло Рудакӣ мебошад, ки имрӯзҳо аллакай истифодабарандагони сайти мазкур ба осори гаронбаҳои Устод аз тамоми гушаҳои ҷаҳон дастрасӣ доранд. Аввалин маротиба дар Интернет пайкара (корпус) – и устод Абуабдулло Рудакӣ сохта шуд. Ин ҳодисаро месазад, ки таърихӣ номид, барои он ки вай дорои қиммати баланди фарҳангӣ буда, тавассути он ҷавонони Тоҷикистон нахустин бор бо забони модарии худ мероси адабиёти тоҷику форсро дар саҳифоти Интернет қироат менамоянд. Ин асарҳо нахустин таҳтоби маҳсули зербанои маводҳои гуногун мебошанд.
Якҷоя бо Кумитаи истилоҳот дар сайт пайкараи Мавлоно Румӣ ва Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст. Бартарияти дигар дар он аст, ки ҳуруфоти тоҷикӣ бо технологияи навин истифода мешавад. Дар наздиктарин фурсат қадамҳои устувор ҷиҳати машҳур гардондани илми тоҷик, мероси адабӣ ва фарҳанги миллатамон гузошта хоҳад шуд.

  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
что байт - это 8 бит
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|