banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ЧАРОҒИ АБАДӢ

  1. ОИДИ ДОСТОН

  2. ДАР БОҒ

  3. ИНТИЗОРӢ

  4. МУЛОҚОТИ ЯКУМ

  5. МУЛОҚОТИ ДУЮМ


Достони «Чароғи абадӣ»-ро (1957), ҳамчун дараҷаи камолоти эҷодиёти Турсунзода, ба лирикаи фалсафӣ нисбат додан мумкин аст. Ин достон ҷамъбасти асарҳои хориҷии шоир, мулоҳиза ва андешаҳои амиқи ӯ оид ба гузаштаю ҳозира ва ояндаи Осиёю Африқост. Суханвар бо таҳлили шоиронаи худ ҳаёти ҳозираро ҳартарафа дарк карда, дар решаҳои замони гузашта ниҳолҳои сарсабзи ояндаро ба муоина гирифтааст.
Сохт ва сюжети асар оддист, ба материалҳои ҳаётӣ—дар як бомдод тасодуф омадани ду ҳодиса, ду интизорӣ, ду мулоқот истинод дорад: мушарраф гаштан ба дидори тифли навзодаш ва падари маънавии худ, пири хирадманд, адиби маъруфи Шарқ Садриддин Айнӣ. Ин асар хотираи асосгузори адабиёти советии тоҷикро абадӣ гардонидааст.
Материали зоҳиран оддии ёддоштӣ ба туфайли санъаткории шоир ба тасвири тақдири сиёсӣ ва умумиинсонии муосирони мо табдил ёфтааст. Достон аз чаҳор ҳикояи ҷудогона: «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқоти дуюм» ва «Дар боғ» иборат буда, бо нафаси гарми суханвар ҳамбастагии узвӣ пайдо кардааст.
Дар боби «Интизорӣ» вазъияти ноороми шоир — падар вобаста ба таваллуди фарзанд тасвир меёбад. Дар ин ҷо М. Турсунзода тавассути вазъи ҳоли худ олами психологии умуман сардорони оиларо ба таҳлил гирифта, мушкилиҳои тавлиди одами навро дар муқоиса бо ҷаҳони наботот ва тозакориҳои айёми баҳорон ба риштаи назм кашидааст:

Маҳи апрел, дар иди баҳорӣ
Ба гул лӯълӯи тар бахшид, оре...
Гули гелос дяр чанги ҳаво буд,
Барои ҳамл олу ғунчаво буд.
Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,
Гули садбарг чашмаш боз мекард.
Чакидан дошт чак-чак ширан ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок…

Шоир ба дарахтони боровар муроҷиат карда, шумо аз нав «ба ояндаи самарбахш интизоред» ва ман «дар ин ҳангом монанди шумоям» гуфта ба боби дигар — «Мулоқоти якум» мегузарад, ки дар он «таваллудхонаву дунёи тифлон» тасвир ёфтааст. Фарзанд ҳамчун неъмати гаронбаҳо, авлоди нави одамӣ, давомдиҳандаи ному нишони оила ва орзуҳои неки падарона тавсиф меёбад:

Ба модар нури чашмон аст фарзанд,
Даванда реша дар ҷон аст фарзанд…
Азизи халқ, донишманд гардад,
Ба кори судовар банд гардад.

Фарзанд меваи умри одамист — хоҳ духтар аст ӯ, хоҳ писар. Ҳангоме ки шоир «рухи фарзанди навзодам бидидам» ва ба вай Ватанро, замини сабзранги тоҷиконро, садои рӯдҳо, деҳоту шаҳрҳои нав ба нав — ҳамаро пешкаш ва тақдим кардам, мегӯяд, умеди ҷамъият ва идомаи ҳаёт будани ӯро таъкид карданист. Боиси фахру шодии шоир аст, ки фарзанди ӯ дар қатори ҳазорон навзодагон ба сафи фарзандони баркамоли Осиёи пурсафо хоҳад даромад.
Пас аз ин сухан дар бораи фарзанди куҳансоли Осиё устод Айнӣ меравад. Турсунзода фазилат ва азамати ин фарзонаи Шарқро ҳамвора бо таъриху тақдири ин сарзамини бостонӣ ба тадқиқ мегирад:

Куҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андӯҳи шодии ҷаҳонро,
Куҳансоле, ки дил пур аз умед аст,
Раҳаш монанди мӯҳояш сафед аст...
Садои Осиёро хуб донад,
Худ ӯро Осиё маҳбуб хонад.

Дар бобҳои «Мулоқоти дуюм» ва «Дар боғ» Айнии адибу мубориз ва ду шароити ба ҳам муқобили зиндагӣ тасвир меёбад. Шоир барои тасвири он ду вазъияту ҳолати олам ва одам, бо ду усули дӯстдоштааш — муқоиса ва муқобилгузорӣ моҳияти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ҳаёти ҳозираю гузаштаи Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. Ӯ «вокзал»-ро бедарак дарвозаи шаҳр наномидааст; онро дари умед, дари дӯстӣ ва бародарӣ, ободӣ ва нашъунамои шаҳру деҳот мепиндорад:

Ба ҷӯш омад аз ин ҷо зиндагонӣ,
Ба ин ҷо аз Россия меҳрубонӣ:
Нахустин мех, оҳан, шиша омад,
Нахустин чӯб ҳам аз беша омад.
Дар ин ҷо Тоҷикистон кард оғӯш
Бародар халқҳоро гарм, пурҷӯш.

Пас шоир барои қиёс ба тасвири Ҳисори замони амирӣ мегузарад, ки он ҳам дарвозае дошт ва аз он ҷо синфи ҳоким ба мардум «ҷафову ҷаври беандозае» мекард. Ба ин муносибат ғазабу, исёни ҳақиқатхоҳонаи халқи ситамкаш ёдоварӣ мешавад ва бо омадани «лашкари озодӣ» ва «насими навбаҳори шодӣ» сар шудани давраи нави зиндагӣ қайд гардида, сонӣ, мақсади асосӣ — тасвири образи С. Айнӣ ба муҳокима меояд.
Турсунзода дар зимни тасвири муқоисавии ҳаёти Осиёи кӯҳнаву нав, симои шахси адолатхоҳу инсонпарвар, муборизи роҳи озодӣ, адиби нуктадону эҷодкор, мураббии наслҳои нави адибони советии тоҷик С. Айниро офаридааст. Дар Бухорои амирӣ Айнӣ аз ҳуҷраи танги мадраса «фақат намоишгоҳи тобуту кафан ва Осиёи торикро медид». Ӯ «сухан аз назми сеҳрангез мегуфт» ва барои зиндагӣ нур ва озодӣ меҷуст. Аммо душманони равшанӣ ва озодӣ:

Ба ӯ гуфтанд,ки: «Рӯзат сиёҳ аст,
Ба одам равшаниҷӯӣ гуноҳ аст»...

Бо ин «гуноҳ» Айниро зада маҷрӯҳ карданд, ба зиндон андохтанд, то ки орзуи нур ва осоиши ҳаёт дар лавҳи хотираш нақш набандад. Вале дастони тавонои пролетариати рус ӯро раҳо карда, ба сӯи ҳаёти пурнур раҳнамун сохт. С. Айнӣ бо эҷодиёти бои худ яке аз машъалҳои тобони Шарқ гардид:

Адиб аз нав таваллуд шуд, ҷавон шуд,
Адиби дӯстдори тоҷикон шуд,
Ба нури субҳи озодӣ назар кард,
Ба васфи нури оламгир сар кард...
Яроқашро мубориз аз қалам кард,
Ҳақиқатро, тамаддунро алам кард,
Адиб аз қатра ҳам тобандатар шуд,
Қиёми халқ — дарё, ӯ гуҳар шуд...

Ҳаёти С. Айнӣ дар асар ҳамчун як тимсоли ҳасби ҳол ва тақдири Шарқи Советӣ, ҳамчун рамзи халқи ситамдидаву сонӣ наҷотёфта тасвир шудааст. Идеяи озодии Шарқ ҳамин тавр ба воситаи образи Айнӣ ва таваллуди насли нав ба субут омадааст:

Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд,
Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.
Кунун Шарқи куҳан бедор гаштаст,
Ба озодипарастон ёр гаштаст.

Шарқи советӣ чун мубориз ва сулҳҷӯ ба Шарқи бедоргаштаи хориҷӣ ва халқҳои озодипарасти вай ёру мададгор шудааст. Гарчи ҳанӯз истилогарони Ғарб ва Америка бо иғвою ғаммозӣ ба Осиё сар дароварда, бо таҳдиди ҷанги нави ҷаҳонӣ ба сулҳу осоиш ва озодиву истиқлолияти халқу давлатҳо осеб мерасонанд, вале Машриқзамин аз дӯғу дасисаи онҳо дигар наметарсад; вай бедор, мубориз ва ҳомии бахти худ аст:

Баҳори зиндагиро дӯст дорад,
Ба зидди ҷанги нав ӯ ҷанг орад.

1   2   3   4   5

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011