banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
МЕЪРОСИ АДАБИИ ТУРСУНЗОДА

Асари калонтарине, ки устод дар замони Ҷанги Бузургии Ватанӣ иншо кардааст, «Писари Ватан» мебошад. Мавзӯи асосии достон талошу муборизаҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанист. Қаҳрамонони асар барои ҳаёти осоишта мубориза бурданд. Шоир дар симои нақшҳои асосии достон Қодир, Микола, Саодату Марина қаҳрамонию далерӣ ва фидокорию ҷоннисории ҷанговарони содиқи Ватанро нишон додааст. Инчунин шоир ба воситаи амалиёти Қодиру Микола таъкид менамояд, ки дӯстии халқҳо муваффақият ва ғалабаи моро таъмии кард. Достон асосан асари эпикист. Майдони ҷанг, ҳарбу зарб, корнамоиҳои бемисли ҷанговарон рукни асосии достон мебошанд. Вале дар асар лаҳзахои лирикӣ кам нестанд. Адиб дар асари худ ишқу муҳаббати Қодиру Саодат ва Миколаю Маринаро низ тасвир намудааст.
Аз мутолиаи достон хонанда хеле хуб эҳсос мекунад, ки адиб хеле пеш рафтааст. Ин пешравӣ ҳам дар ҳаллу фасли мавзӯъхои асосӣ ва ҳам дар забону тарзи баён ба назар мерасад. Сабки нигориш ва баёни воқеот пай дар пай мушаххас буда, барои ифодаи фикр аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва санъатҳои бадеӣ устокорона, мӯҷазу бамаврид истифода мебарад. Шоир барои мардумро алайҳи душман ба по, ба мубориза хезондан роҳу воси-таҳои мухталиф, усулҳои гуногуни адабиро истифода бурдааст. Масалан, ба воситаи санъати саволу ҷавоб, нидои риторикона ва ташхисонидани ашёи беҷон-хок, мавҷи дарё, замину осмон ва ғайра пиру барноро ба мубориза ба муқобили фашизм даъват менамояд:

Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: «Гар ту дӯст медорӣ маро сахт,
Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ,
Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!
Ба одам гуфт мавҷи оби дарё,
Ки: «Эй дар меҳнатӣ аз ман ту боло,
Агар ки ту нахоҳӣ ташна монӣ,
Замин хушконию худ гушна монӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»

Такрор шудани байт фикру андешаи шоирро қувват дода, аз тарафи дигар, ташбеҳу тавсиф, истиораю маҷозҳои шоирона ҳусни асарро афзун гардондаанд, ки чунин тасвирҳо дар достон хеле зиёданд ва хонанда аз онҳо як ҷаҳон лаззат мебарад.
Чунон ки дар боло ишорат рафт, шоир ҳангоми эҷоди достони хеш дар тасвири ҳолатхои рӯҳӣ ва ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳои асараш аз достонҳои Низомии Ганҷавӣ баҳра бардоштааст. Масалан, дар тавсифи Раъно чунин мегӯяд:

Ду рухсораш зи лола сурхтар буд,
Лаби ёқут лабрези шакар буд.
Ду гесӯяш мисоли хирмани гул,
Хабар додӣ зи рангу бӯи сунбул.
Ба соли шонздаҳ синнаш расида,
Вале субҳи умедаш нодамида,
Агарчи гул барин рухсори он буд,
Вале олудаи гарди хазон буд.

Мирзо Турсунзода бидуни ин дар тӯли чандин сол эҷодиёти даҳанакии халқро хамроҳи нависанда Алихуш ва шарқшиноси рус А. Н. Болдирев ҷамъ намуда, соли 1939 бо номи «Фолклори тоҷик» маҷмӯаи эҷодиёти даҳанакии халқро аз чоп бароварданд. Дар он беҳтарин чакидаҳои мардумӣ-рубоию дубайтӣ, суруду тарона, бадеҳаю ғазал ва дигар асарҳои халқӣ гирд оварда шуда буданд. Омӯзиш ва ҳифз намудани намунаҳои беҳтарини эҷодиёти шифоҳӣ ба шоир илҳом бахшид, гуфторашро содаю шево гардонид, ки ин тагйиротро дар асарҳои минбаъдаи Мирзо Турсунзода ба хубӣ мушоҳида карда метавонем.

1   2   3   4

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011