Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

ЧАРОҒИ АБАДӢ


III

Ки додам ман туро дашном яксар.
Туро духтар маро бошад писар шуд,
Барои мову ту як ид сар шуд.
Кӣ медонад, ки як рӯзи мусоид,
Қудои ҳамдигар хоҳем гардид.
Писарро пешкаш кардам ватанро,
Диёри дилписанди хештанро,
Замини сабзранги то?иконро,
Садои рӯдҳои зарфишонро,
Чарогоҳони пур аз молҳоро,
Саодатбахш моҳу солҳоро,
Деҳоту шаҳрҳои нав ба навро,
Ба ҳусн аз боғҳо бурда гаравро,
Фаровонмеҳнатӣ,
		    нону намакро,
Суруди рафта то ав?и фалакро.
Ба ӯ ман ҳадя кардам манзиламро,
Чароғи нурпоши маҳфиламро.
Умеду орзу, омоли худро,
Пур аз саъю ?адал иқболи худро.
На танҳо кард онро бахт оғӯш,
На танҳо зиндагӣ бӯсид пур?ӯш,
Ҳанӯз онро дучор ояд заду хӯрд,
Ба ӯ ояндаро бояд ки биспурд.
Писар?он, чун кушоӣ дидагонро,
Ба чашми хештан бинӣ ?аҳонро.
Ту ҳам фарзанди шарқӣ, Осиёӣ,
Валекин Осиёи пурсафоӣ,
Ту ҳоло хоб кун,
			роҳат нафас гир.
Бизан фарёдҳову нӯш кун шир!
Ман акнун меравам, поезд ояд,
Мулоқоти наве дар пеш бояд.
Мулоқоти наве бо пирамарде,
Адиби озмуда ҳар набарде.
Кӯҳансоле, ки дида ду замонро,
Ғаму андӯҳу шодии ?аҳонро.
Кӯҳансоле, ки дил пур аз умед аст,
Раҳаш монанди мӯҳояш сафед аст.
Кӯҳансоле, ки донад Осиёро,
Ба гӯшоянда аз ҳар дил садоро.
Садои Осиёро хуб донад,
Худ ӯро Осиё маҳбуб хонад.

Барои пурра дастрас намудани тостон
аз  Китобҳо   истифода баред.

Ба аввал   1   2   3