Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

ПИСАРИ ВАТАН


	
III

Сухан меёфтам гар шоирона,
Ба назм овардаме акси шабона.

Шаби уммедбахши ошиқонро,
Рафиқи саввумини ду ҷавонро.

Ба зери машъали рахшанда маҳтоб
Замин метофт чун дарёи симоб.

Миёни кӯҳҳои сар бар афлок,
Чаманзорону боғоти фараҳнок.

Кулоҳи сабз бар сар карда буданд,
Зи шабнам чеҳраро тар карда буданд.

Ҳама марду зани деҳ буд ба хона,
Ҳама паррандагон дар ошёна.

На аз сӯе садое мебаромад,
На зарби гашти пое мебаромад.

Фақат як ҷуфтакак паҳлӯ ба паҳлӯ,
Қадам оҳиста мезад лаб-лаби ҷӯ.

Аз он ҳар ду фақат меомад овоз —
Фақат овози дилҳои пур аз роз:

— Азимам, аҳди ман бишкастанӣ нест,
Дилам аз банди зулфат растанӣ нест.

Ману ту дер боз аст ошноем,
Ҳаводорони майдони вафоем.

Ту дар деҳ духтари бообрӯӣ,
Чаманро як гули хушрангу бӯӣ,

Ба меҳрат ҳар дилеро ошёнест,
Ба уммедат, кӣ медонад, киҳо нест!

Маро ба ёдат аммо як нафас нест,
Туро ошиқтар аз ман ҳеҷ кас нест.

Дилам ганҷинае бошад, ки дар он
Чу ганҷе хуфта танҳо меҳри ҷонон.

Дари ганҷина имшаб нағз во шуд,
Намедонам ба фикри ту чиҳо шуд...

Саодат ном дорӣ, эй дилором,
Маро ҳам кун саодатманд аз ин ном.

Дилам бетоқат аз кори падар шуд,
Ки ӯ акнун паи тӯи писар шуд.

Аз ин густохии ман гар наранҷӣ,
Гар ин ҳарфи маро осуда санҷӣ,

Ҷавобе деҳ, ки имшаб ман зи саҳро
Барам пеши падар онро чу савғо.

Арӯс аз шарм дида бар замин дӯхт,
Рухаш монанди оташпора афрӯхт.

Ҷавобаш дод: — Қодирҷон, чӣ гӯям,
Ба ҷуз хурсандият чизе наҷӯям.

Гирифта ёрро Қодир дар оғӯш,
Ҷаҳонро кард аз шодӣ фаромӯш.

Гумон мебурд, ки дар рӯи олам
Саодатноктар з-ӯ нест одам;

Гумон мебурд, ки моҳу ситора
Ба ӯ доранд бо ҳайрат назора.

Гумон мебурд, ки ёрони дилҷӯ
Муборакбод гӯяндаш зи ҳар сӯ;

Падарро бо лаби пурханда медид,
Рақибонро ҳама шарманда медид.

Ба аввал   1   2   3   4   5   6