Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
   Ашъори лирикӣ
   Шеърҳо
  Дастовез (Силсила)
 Достонҳо
Галерея
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

ОСОР ВА МАРҲАЛАҲОИ ЭҶОД

      Мирзо Турсунзода ҳанӯз солҳои 1927-28 ба эҷоди асарҳои бадеӣ мепардозад. Маҷмӯаӣ нахустини Мирзо Турсунзода “Байроқи зафар” (1932) ном дошта ду шеър ва даҳ ҳикояву очеркро дар бар гирифтааст. Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода дар солҳои 30- юм ҳам аз нигоҳи шакл ва ҳам аз ҷиҳати мавзуъ ва мундариҷа васеъ ва пурғунҷоиш мегардад. Шеъру достонҳои “Ба эҷодкорам” (1934), “Манзараҳои хуҷанд” 1935), “Офтоби Мамлакат” (1936), “Хазон ва баҳор” (1937), “Мамлакати тиллоӣ” (1938), “Оҳанрабо” (1939), “Халқи далер” (1939), “Чаманистон” (1940), “Водии ҳисор” (1940), “Мо аз хоруғ омадем” (1940) гувоҳи садоқати шоир ба сарзамини аҷдодӣ ва ҷомеаи сотсиалистӣ мебошанд. Маҷмӯаи дуюми шоир –“Шеърҳо” (1939) мухаммас, мусаддас, ғазал, маснавӣ,тарҷеъбанд ва марсияҳои ӯро дар бар гирифта, фаъолияти адабиашро дар солҳои 30-юм ҷамъбаст мекунад.
      Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсунзода дар қатори дигар адибону фарҳангиён эҷодиёти худро пурра ба муқобили душмани ғаддор ва ҳимояи Ватани азиз равона намуд.Аввалин шеъри давраи ҷангии шоир-“Хайр модари азиз” 24 июни соли 1941 навишта шудааст,ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:


		«Модарам, меравам аз пеши ту ман,
		Ба дифои шарафу шаъни Ватан...»
		Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,
		Бош фарзанди сазовори падар,
		Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар»

      Дар шеърҳои «ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои давраиҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ «Барои Ватан» (1942)–ро эҷод мекунад. Бояд гуфт, ки асарҳои солҳои 30-юм ва нимаи аввали солҳои 40-ум ба марҳалаи аввали эҷодиёти Турсунзода таалуқ доранд.

МАРҲАЛАИ ДУВВУМИ ЭҶОДИЁТ

      Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои баъдиҷангӣ ба марҳалаи нави инкишоф расид. Дар давраи дуввум қалами шоир тезтар ва ҷанбаи ҳунарии ашъори ӯ пурқувваттар гардид. Сафарҳои пай дар пай ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои Турсунзода 25 мамлакати хориҷӣ қайд шудааст) ва вохӯриву сӯҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳонӣ ба он сабаб шуд, ки паҳлӯҳои услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд. Мирзо Турсунзода баъди силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947–1949) чунин асарҳои калонҳаҷмро офарид: силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (1950), достонҳои «Ҳасани аробакаш» (1952–1954 ), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), силсилаи ашъори «Дастовез» (1975).

ДИГАР СОҲАҲОИ ФАЪОЛИЯТ

      Адиб зиёд аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёддоштҳои сафарӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
      Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ зиёда самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А. С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламҳои варздаи халқҳои гуногун бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода дар чор ҷилд Куллиёти адиб (1971–1985) ба табъ расидааст.

© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо