Саҳифаи асосӣ
Тарҷумаи ҳол
Эҷодиёт
Галерея
   Аксҳо
    Наворҳо
  Савтҳо
Фаровир
Китоби дархостҳо
     Тоҷикӣ
     Русский
     English
     France
Хуш омадед ба web-саҳифаи Мирзо Турсунзода

БИГЗОР, ЗАН БОШАД МУДОМ




Баҳр агар тӯфон кунад, гӯянд: — Кори офтоб,


Бод агар исён кунад, гӯянд: — Кори офтоб,


Абр агар борону барф орад, гуноҳи офтоб,


Жолаи чун санг агар борад, гуноҳи офтоб.


Офтоби шӯълаафкан чор мавсим оварад,


Гул кунад, сабзад табиат дар паноҳи офтоб,


Гулшане гардад хазон аз иштибоҳи офтоб.


Сардии дай, нармии фасли баҳор аз офтоб,


Рӯзҳои равшану шабҳои тор аз офтоб.


Равшаниборӣ кунад самти шимол аз офтоб,



Байрақи заррин занад бар сар ҷибол аз офтоб,


Пас ҳама гӯянд, ки: бигзор бошад офтоб,


Ёр бошад бо замин бисёр бошад офтоб.



Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,


Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.


Гоҳ мебинӣ, ки ором аст чун файзи саҳар,


Гоҳ мебинӣ, ки меҷӯшад чу дарёи Хазар.



Гоҳ монанди асал ширину хушбӯяст он,


Гоҳ чин монанди мавҷи баҳр дар рӯяст он,



Гоҳ айши зиндагиро боз ҳам ширин кунад,


Гоҳ бо неши забон оҳиста дил захмин кунад.


Гоҳ густоху гаҳе рӯ пӯшад аз осори шарм,


Гоҳ шоду гоҳ ғамгин, гоҳ сарду гоҳ нарм.


Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,


Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.


Пас ҳама гӯянд, ки: бигзор, зан бошад мудом,


Зиндагӣ бо зан хушасту умр бо зан бардавом.

Барои дастрас намудани савт аз фаровир истифода баред.
© 2011 Сарвинаи Фармон
Сахифаи асосӣ || Тарҷумаи ҳол || Эҷодиёт || Галерея || Китоби дархостҳо|| Тамос бо мо