Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ШАҳРИ МУНК


Дар ин шаҳри куҳан
Афсонаҳо бар ёд меоянд.
Саворон-тоҷирон
Аз ҳулбаку Сайёд меоянд.
Садои наълҳо
ҳамчун ғиреви тундарӣ хезад,
Зи қаъри ҳафриёт
Он лашкари Искандарӣ хезад.
Замин ларзанда таблеву
Само шӯрида тайфуне,
Зи абри осмон
Мерехт борон сели Ҷайҳуне.
Ҷаҳони одамӣ,
Чун баҳр мадду ҷазрҳо дорад,
Дар ин дунёи тӯфонӣ,
Кӣ ғарқу кӣ шино дорад,
Сикандар ҷавшан андар тан,
Дар ин гирдоб меҷангид,
Ки гӯё қуллаи Помир,
Бо Маҳтоб меҷангид.
Бизад шамшер ногаҳ,
Мӯи ӯ зери кулаҳ во шуд,
Асири чашми Рухшона,
Ба як дидан ҳамоно шуд.
ҳама Руму Аҷамро
Ӯ ба савдои ҷунун мезад,
Худашро ҳамчу Фарҳоде,
Ба пои Бесутун мезад.
ҳамон Рухшона рух гардид,
Ки андар бозии тақдир
Ба дом оварда лашкарро
Дили шаҳро намуд тасхир.
Зи рӯҳи Рустаму Ҷамшед
Пайдо гашта бунёдаш.
Паи ҳифзи Ватан ҷангид,
Бо душман чу аҷдодаш.
Дар ин шаҳри кӯҳан,
Афсонае бар ёд меояд,
Ки Искандар зи Рум
Дар сурати Фарҳод меояд...

<< аввала    дигар >>