Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

БАЧАГӢ


Бари пайроҳаҳои дури деҳа,
Лаби он чашмаи машҳури деҳа,
Ба пои қуллаи кофури деҳа,
Шукуфта хандаҳои бачагиям.

Баҳорон бод месозад шабохун,
Кунад борон навои хеш нохун,
Ба табли тундару бо барқи гардун,
Бароянд ёдҳои бачагиям.

Ба ёд ояд маро селобҳояш,
Ки пур мешуд ҳама сангобҳояш.
Навозиш менамудӣ бо садояш,
Маро дар хобҳои бачагиям.

Бубинам боз гулгардониҳоро,
Ба васфи гул рубоихониҳоро.
Ба гулханҳот гулафшониҳоро,
Маро гирад ҳавои бачагиям.

Ба арғунчак нишинам, ҳой гардам,
Замин сабзу бараҳнапой гардам,
Гаҳе дар обу гаҳ дар лой гардам,
Чу бепарвоиҳои бачагиям.

Кафи поям нишаста неши хор аст,
Чу хӯшаҳои зирк обиладор аст,
Маро дардошноӣ иқтидор аст,
Аз он бедардиҳои бачагиям.

<< аввала    дигар >>