Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ТИФЛИ КӮҲ


Ман он дарёчаи шӯхам,
Зи қалби кӯҳсорон сар кашида мавҷҳои ман
Чу тифлони навомӯзе раҳи тифлона мепӯянд,
Ба гӯши сабзаву себаргаҳо афсона мегӯянд,
Парида аз фарози сангҳову роҳ меҷӯянд,
Намуда такя бар деворҳои соҳили тангам.
Маро соҳил чу гаҳвора навозиш мекунад
ҳар дам,
Ба умеде, ки бар водӣ расонам тифли покамро
Агарчи дар баҳорон гоҳ-гоҳе хира шуд рангам,
Баландӣ ёфт оҳангам,
Мазан, эй раҳгузар, сангам.
Ман он дарёчаи шӯхам,
Ки аз кӯҳ ибтидо дорам.
Маро дар водиҳои ташналаб ором мебинӣ,
Ба мисли оҳувони ром мебинӣ.
Куҷо дасте, ки анҷоми маро оғоз гардонад?
Маро бар чашмаҳои кӯҳсорон боз гардонад?

<< аввала    дигар >>