Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ДАРЁЧАИ КӮҲӢ


Маро гаҳ дӯстон гӯянд
Туӣ ин қадр бепарво,
Ки дар чашми ту ҳамвор аст,
ҳама пасту баландиҳо.

ҳамеша ошкоро ту
Ба мардум роз мегӯӣ.
Якеро тифл мехонӣ,
Дигар устоз мегӯӣ.

Дили бекинаи худро,
Чу барги ғунча бикшоӣ.
Варо дар назди мардум ту,
Ба каф бинҳода меоӣ.

Кӣ медонад?
Чи мехоҳад,
Дили софи ҳақиқатҷӯ,
Чу гил моланд ҳарфатро,
Аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ.
Бигир аз дӯстон ибрат,
Забонро зери дандон кун.
Чу доруе ҳақиқатро,
Ба коми хеш пинҳон кун.

Намехоҳам, вале ёрон,
Ки бошам бар шумо монанд.
Ба мисли шишае
Дар чорчӯби панҷара пайванд.

Бидонам одамонро ман,
Ки онҳо мисли дарёянд.
Яке орому ботамкин,
Дигарҳо барқосоянд.

<< аввала    дигар >>