Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

Монологи раҲгузар


Ба номи ҷанг меболӣ,
Ту, эй марги ҷафопеша.
Дучор оӣ,
Миёни дуду оташ бо ҷавону пир
Бихонӣ хешро қодир,
Чу сарбози асирафтода
Андар доми ту тақдир,
Вале чашми сиёҳи ту
Нашуд аз хуни мардум сер.
Аз ин рӯ модари пири башар аз туст домангир
Туро чун соя гаҳ
Дар бистари бемор мебинам.
Ба шакли шӯъла андар дидаҳои чор мебинам,
Туро чун тир андар пайкари хуншор мебинам.
Туро ҳар рӯз дар пеши назар сад бор мебинам.
Ҷаҳонро хуфта шаб чашми туро бедор мебинам,
ҳамеша дар набардӣ бо ҳаёти мо,
Гаҳе ту зинсаворон, гоҳ зин бар пушт,
Ту меоию мехоҳӣ,
Ки дунёро кунӣ тасхир.
Намедонӣ ба ин зӯрӣ чунон оҷиз ва ночизӣ,
Туро бо як табассум,
Кӯдаки навзод хоҳад кушт!


<< аввала    дигар >>