Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

РОҲБАЛАД


Аз деҳи баланди кӯҳсорӣ,
Пайроҳа маро ба шаҳр мебурд.
Андар сафи рӯд гашта ҷорӣ,
Бар гардани ағба тоб мехӯрд.
Шамшерсифат намуда рахна,
Бигзашта зи байни бешазорон.
Сар монда ба даштҳои ташна,
Озурда танаш ба шӯразорон.
Аз шебу фарозиҳо хазида,
То деҳаи Тутқавул расида.
Дар синаи кӯҳи Нор, гӯӣ
Дунболаи оҳувон давида.
Пас лаб-лаби рӯди Вахш рафтем,
Чун сояи ман дар об афтод.
Аз ваҳм танам чу мавҷаи рӯд
Ларзиду дар изтироб афтод.
Бигзашта зи тангнои сангин,
Бар деҳаи Нор чун расидем,
Афсона ва ё ҳақиқате буд,
К-аз лафзи мусофире шунидем.
Мегуфт, ки оби Вахш ваҳшист,
Ҷонҳои ҷавон ба ком бурда,
Як фасли баҳор тифлакеро
Аз гӯшаи издиҳом бурда.
Даҳмардае дар канори дарё,
Ин воқеаро зи дур дида,
Се бор зи тангнои сангин,
Бар бори асои худ ҷаҳида.
Бар домани тифли ғарқгашта
На дасту асои ӯ расида.
Дар дафъаи чорумин ду пояш,
Лағжида ба тангно парида.
Бикшода чу аждаҳо даҳонаш,
Даҳмардаву тифлаке ба комаш.
З-он рӯз тамоми халқ гӯӣ,
Хунхор ниҳодаанд номаш.
Шаб рафту саҳар дамид, лекин
Афсонаи ӯ дароз мешуд.
Гӯё ки зи саргузашти дарё,
Сад қиссаи тоза боз мешуд.
Ман аз паи ӯ шудам равона,
Монанди тавила тоб хӯрда.
Чун ёри қарину қадрдоне,
То роҳи калон маро бибурда.
Гуфто: раву сайри ин ҷаҳон кун,
Чун хост дар ин сафар барорам.
Гуфтам, ки бирав ба сӯи деҳа,
Гуфто:- ба қудумат интизорам,
Ман рафтаму хайру хуш намудам,
Пайроҳа раҳам нишон бидода.
Аз шарм ва ё зи хоксорӣ,
Дар домани роҳ сар ниҳода.

<< аввала    дигар >>