Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

СУРУДИ ДАРЁ


«Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз,
Ғавғои рӯзи маҳшар
Бар фуқарост имрӯз».
ҳар мавҷ ба гӯши ман ҳамехонд,
Ин қиссаи кӯҳнаро ба фарёд.
ҳар санг ба қаъри об мегуфт,
Ин шеър зи хурдӣ кардаам ёд.
Ором бигашта лаҳзае Вахш
Мегуфт: ҷавони родмарде,
Бо дастаи худ фаромад аз кӯҳ,
Бинмуда ба тангно набарде.
Аз ҷабру ситам тамоми мардум,
ҳамроҳ шуда ба ҷанг омад.
Бар фарқи сипоҳиёни мирӣ,
Монанди гулӯла санг омад.
Рӯзи дигар аз ҳисор лашкар,
Имдоди сипоҳиён расида.
Як даста фидоиёни Восеъ,
Он субҳ зи Балҷувон расида.
Дар деҳаи Тутқавул чу як тан,
Ҷангид савораву пиёда.
Он дастаи лашкари амирӣ,
Сарҳо бари сангҳо ниҳода.
Бо дастаи фотеҳу диловар,
Восеъ раҳи Балҷувон гирифта.
Пайроҳаи кӯҳ тай намуда,
Қасд аз ҳама душманон гирифта.
Мардум зи қафои ӯ ҳамехонд:
Восеъ марди майдонай,
Дар ҷанги золимонай,
Бохабар бошед ёрон,
Туқсабо ҳолдонай.
Як рӯз ба макру ҳила чанде,
Қуръони шариф ба пеш монда.
Мақбул ҳама шартҳои ӯро,
Дар назди худою хеш хонда.
Бедаставу беяроқ ӯро
Бастанду зи Балҷувон бибурданд,
Сарҳангу сипоҳиёни маккор,
Аз халқ варо ниҳон бибурданд.
Пайроҳаи кӯҳ тай намуда,
Бар деҳаи Тутқавул расиданд.
Мардум зи садои суми аспон,
Бархоста сӯи раҳ давиданд.
Восеи далеру паҳлавонро,
Бар асп савору баста диданд.
Уммеду муроди хештанро,
Чун тори амад гусаста диданд.
Аз деҳа тамоми пиру барно,
Бо гӯши хирад ту бишнав имрӯз,
Дар шевани ман суруди онҳо:
«Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар,
Бар фуқарост имрӯз».

<< аввала    дигар >>