Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

МАРИНА


Раҳ бурд маро ба манзили дур,
Дарвозаи шаҳрҳо кушода.
Ман пасту баландиҳои онро,
Тай карда савораву пиёда.
Донишкада, имтиҳони аввал
Иншо чу айёми сарнавиштам.
Хайём чу вақти зоданашро,
Як соли расо хато навиштам.
Пас санҷишу имтиҳони бисёр,
Омад паи ҳам ба зиндагонӣ.
Сад бор хато намуда содир,
Андар раҳи умри навҷавонӣ.
Як рӯз ба сайри боғ рафтам,
Чашмам ба нигоҳи духтар афтод.
Аз сина дилам чу сайди бисмил,
Барҷасту ба роҳи дуртар афтод.
Бо мӯи пареши ӯ парешон
Шуд хотири ҷамъи ман ба боде.
Пурсидам аз ӯ, ки исматон чист?
Шармиду ба ханда лаб кушодӣ.
Гуфто, ки Марина ном дорам,
Ман номи худам ба ӯ бигуфтам.
Дар оташи гарми сӯҳбати ӯ,
Ахгар шуда гӯӣ мешукуфтам.
Чандин маҳу рӯзҳо гузаштанд.
Сӯзи дили ман зиёд мешуд,
Монандаи гармсел оҳам
Печон ба гулӯи бод мешуд.
Шеъре бинавишта ман ба номаш,
Рози дили худ баён намудам.
Он шӯълаи ишқро ба мардум,
Чун ахгари субҳ аён намудам.
Бигрифта ҷавоби номаамро,
Бо шавқ ба сӯи ӯ давидам.
Баъди ҳама ҳаҷру интизорӣ,
Пайғоми висоли ӯ расидам.
Ӯ дасти маро гирифту рафтем,
Пайроҳаи нав дучор омад.
Гӯё ки сад имтиҳони тоза,
Андар раҳи рӯзгор омад.

<< аввала    дигар >>