Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

САРНАВИШТ


Донишкада хатм гашту ҳарду
Падруд намуда бо рафиқон,
Чун селаи кафтарони даштӣ
Гаштем ба ҳар тараф парешон.
Он вақт ба ҷои деҳаи Нор,
Шаҳре ба ҷамоли тоза бархост.
Аз қудрати одами советӣ,
Дар рӯи ҷаҳон овоза бархост.
Бар шаҳри ҷавон чу по ниҳодем,
Пайроҳаи мо раҳи калон шуд.
Болош гузашта Белазу Маз,
Бар ҷониби тангно равон шуд.
Пайроҳа шиносу ношинос аст,
Як лаҳза нишаста мо лаби об.
Чун мор ба тангно хазида
Афғон бикашад ба печу бо тоб.
Бинҳода сараш ба рӯи китфам,
Оҳиста Марина кард ово.
Медонӣ, ки модарам чи мегуфт:
Момом зи Маскав омад ин ҷо.
Момои ман обсанҷ будаст,
ҳар рӯз амадсавор бигзашт.
Пастиву баланди об санҷид,
Се фурсати навбаҳор бигзашт.
Як субҳи баҳорӣ рӯи дарё,
Тифлест зи тангӣ пой кӯфта.
ҳар мавҷи бурун ҷаҳидаро, бин,
Бо зарбаи сангҳо шукуфта.
Дарё, ки ба ранги занг будӣ,
Такшон шудаву зулол мегашт.
Пеши назараш баланд мешуд,
Гӯӣ ба Хазар мисол мегашт.
Андар бағали ду кӯҳи сангин,
Як пораи осмон фитода.
Андар дили ӯ ситора шабҳо
Гӯё ки зи Каҳкашон фитода.
Монанди сипар ба синаи кӯҳ
Маҳтоб шабона мебарояд.
Хуршед саҳар чу ҷӯи заррин,
Дар баҳри ҷавон шино намояд.
Аз Нораки похсагин нишоне,
Чун баҳри музеи мо намонда,
Як санги бузурги тангнояш,
Дар маркази шаҳри нав шинонда.
Онро ба кран зи қаъри дарё,
Бардоштаам чу ёдгоре.
Он ҷо, ки зи тангии гулӯ Вахш,
Бинмуда будӣ нафасшуморӣ.
Аз зер садои «майна», «вира»
Парвози хаёли ӯ нишонда,
Бар китфи ду кӯҳи осмонбӯс
Болори сементиро бимонда.
Афканда нигаҳ Нисорро дид,
ҳамдеҳаву ҳамдиёрро дид.
Дар синаи худ чу барқ гӯӣ
Сӯзи дили беқарорро дид.
Меъмор бувад Нисор он ҷо,
Кайҳост, ки интизори туянд.
Баъди маҳи дигаре биёӣ,
Бар шодии мо биё, бигӯянд.
Чун чашми ситора барқ мезад,
Кафшер ба тору пуди оҳан.
Гӯё ки ба ларза кӯҳ омад,
Аз зеру бами суруди оҳан.
ҳарду ба ғурур равона гаштанд,
Бар соҳили баҳри Нор рафтанд.
Бар деҳа Нисор бо Назокат
Биншаста қаиқсавор рафтанд...

<< аввала    дигар >>