Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

МУЖДА


Сарбанд ба қулла шуд баробар,
Дар коргаҳаш шитоб доранд.
Саф баста чу корвон мошинҳо,
Сангу шағалу бетон биоранд.
Аз дур садои таркиши кӯҳ,
Аз рӯзи зафар паём медод.
Бикшода бағал ду соҳили Вахш,
Бар пиру ҷавон салом медод.
Андар дили шасту чор миллат,
Шодию фараҳ шарора мезад.
Дар маҳфили дӯстон чу рамзе,
Оташ ба само фаввора мезад.
Мардум ҳама бо дафу наю чанг,
Аз дуру зи наздик омадӣ шод.
Табрик ба фотеҳон бигуфтанд,
Шуд асл фасонаҳои Фарҳод.
Андар сари пулти ГЭС марде,
Чун тугмаи ӯ фишурд нохост.
Аз гардиши турбинаш ба водӣ
Овози суруди фатҳ бархост.
Дар пайкари симҳо чу хуне,
Барқ аз дили ГЭС-и мо давида.
Дар чеҳраи ҳар яке зи нураш,
ҳусневу сафои нав дамида.
Бар ҳар дилу дида мебарад нур,
Бар хонаву бар заводи тоҷик.
Аз дӯстиву бародарӣ шуд
ҳосил ба ҷаҳон муроди тоҷик.
Дар нақша сохтмони Комун,
Як нақшаи дигарест Роғун.
То Вахш чу Каҳкашон битобад,
Бар дидаи нуриён зи гардун.

<< аввала    дигар >>