Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

САЙРИ БАҲР


ҳамроҳи Марина то лаби баҳр
Пайроҳаи кӯҳӣ бурд моро.
Дар заврақи тезрав шинонда,
Биспурд ба ихтиёри дарё.
Лағжида ба рӯи синаи баҳр,
Чун заврақи мо шиноварӣ дошт.
Бар қуллаи кӯҳи Нор мавҷаш,
Барҷаста гаҳе баробарӣ дошт.
Дар пасту баландиҳои соҳил,
Пайдо шуда гӯӣ хаймазоре.
Дар партави офтоб хуфта,
Симинбаданон зи ҳар диёре.
Як шаршарае зи кӯҳи Шаршар,
Фарёдзанон ба баҳр мерехт.
Бар Вахши забон бубаста акнун
Бо кибру ба таъна заҳр мерехт.
Оғӯш гирифта Вахш ӯро,
Ваҳшаш ба бузургӣ ром мекард.
Чун рамзи ҷавониҳо ғурураш,
Аз таҳти дил эҳтиром мекард.
Пайдо шуда деҳи тоза бунёд,
Чун сабти кашида дар наворе.
Аз баҳр чунин садо шунидам:
-Ин Тутқавул аст, ёд дорӣ?
Бо ҳусни ҷавонӣ медурахшад,
Дар домани кӯҳсор деҳа.
Аз қисмати худ ҳамеша дорад,
Дар синааш ифтихор деҳа.
Дар соҳили Тутқавул расидем,
Пайроҳа ба зери об монда,
Бо қиссаву бо фасонаҳояш,
Чун тифлии ман ба хоб монда.

<< аввала