Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ОРЗУҲО


Орзуҳо- мавҷҳои зиндагӣ,
Ин қадар то кай азобам медиҳед?
Гоҳ дар ҷоми булӯри Муштарӣ,
Аз нигоҳи Зӯҳра обам медиҳед.

Гоҳ мебинам, ба роҳи Каҳкашон,
ҳамнишину ҳамдами Парвин шудам.
Бӯса карда домани Маҳтобро,
Гоҳ бо Хуршед ҳамоин шудам.

Орзуҳо-мавҷҳои зиндагӣ,
Ин қадар то кай азобам медиҳед?
То ба кай дар сояи андешаҳо,
Сайри Моҳу Офтобам медиҳед?

Орзуҳо- мавҷҳои зиндагӣ,
Дар замин ҷавлони тӯфонӣ кунед.
Ман, ки инсонам, ниҳоли наврасам
Ташнаам ман,
Лутфи боронӣ кунед.

<< аввала    дигар >>