Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ТАРОНАИ МУРҒИ САҲРОГАРД


Ба боли нотавонӣ нотавонам,
Ба ман, эй зиндагонӣ, болу пар деҳ,
Ки бо шаҳбоз ҳампарвоз гардам
Ба паҳнои сипеҳру бешаи абр
Занам ҷавлон.
Кушоям пардаи асрори мурғони фалакпарвоз,
Вале- ҳайҳот! Охир,
Мурғаки саҳронавардам ман.
Ба фарқи қуллаҳо гардам.
Ба рӯи барфи нақши понадида нақши по монам
Ки аз шабзиндадориҳои анҷум розҳо ҷӯям,
Даруни бешазори абрҳо,
Бо Маҳ нишаста рози дил гӯям,
К-аз авлоди уқобонам,
Бимирам ман агар дар қуллаҳо,
Номи ман, охир, зинда мемонад,
Чу барфи кӯҳсорон нақшипонодида мемонад.
Агар, эй зиндагӣ, аз орзу бебаҳра гардонӣ,
Яқин донам, ки умри ман ба ашки дида мемонад.

<< аввала    дигар >>