Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

РУБОБ


Ба ҳар як изтироби ту,
Ба ҳар як печутоби ту,
Ҷаҳон рақсад.
Дили пиру ҷавон рақсад,
Ба оҳанги диловезат
Замину осмон рақсад.
Чу мавҷи беқарори рӯд
Мавҷи изтироби ту.
Ба ҷисми мардумон рӯҳӣ,
Чи дар базму чи дар мотам,
Забони дил, суруди ошиқонӣ, рози пинҳонӣ,
Забондонӣ,
Ба ҳар кас ҳамдами ҷонӣ,
Ба оҳанге бияфшонӣ
Ғубори рӯҳи инсонӣ.
Вуҷуди инқилобӣ ту,
Саросар изтиробӣ ту.
Ба ҳар як изтироби ту, ба ҳар як печутоби ту,
Диламро ҷӯр месозам,
Ки то гардӣ ҳамовозам,
Ки то ҳар байти худро ман ба оҳанги ту
пардозам,
Ки шояд хотири озурдаеро нарм бинвозам.
Саросар изтиробӣ ту
Рубобӣ ту, рубобӣ ту!

<< аввала    дигар >>