Хуш омадед ба сомонаи Наврӯзи


Чашни наврӯзи форсизабонҳо

Мавриди зикр аст, ки Наврӯз яке аз бузургтарин чашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллатҳои эронинажод аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст. Доир ба Наврӯз, таърихи зуҳури он, ваҳту замони таҳлили ин xашн донишмандону шоирони шаҳири гузаштаи форсизабон - Абулқосим Фирдвасӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайёми Нишопурӣ, Садриддини Айнӣ ва дигарон асарҳо таълиф кардаанд. Мутобиқ ба гуфтаи онон чунон ки аз номаш бармеояд, Наврӯз рӯзи нав аз Соли нав аст, ки ба аввали фарвардинмоҳи Эрони бостон (ба он Тоxикистони таърихӣ низ шомил буд), оҒози моҳи Қамали шамсии ҳиxрӣ ва 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд ва таърихи шаш ҳазоросола дорад. Бинобар ривояти достонии дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ «Наврӯз ҳанӯз аз замони Каюмарс- нахустин подшоҳи пешдодӣ маълум буд. Каюмарс сӣ сол шоҳӣ ва оини тахту тоxро xорӣ карда, ба одамон хӯрок пухтан ва аз пӯсти ҳайвонот либос дӯхтанро ёд дод». Дар даврони давлатдории ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то мелод) xашн гирифтани Наврӯз ба расмият даромад ва дар асотири мардумони эронӣ, таҳлили онро ба шоҳ чамшед нисбат медиҳанд. Муҳаммадҳусайн Бурҳон дар асари худ «Бурҳони ҳотеъ» (асри 17-и мелодӣ) овардааст, ки аввал Чамшед ҳам ном дошт, ки он подшоҳ ва султони бузург гуфтан аст. Рӯзе ӯ ба саёҳат баромада, ба Озарбойчон расид. Он рӯз офтоб ба нуҳтаи аввали ҳамал расида буд. У фармуд, ки тахти зебоеро дар чои баланде гузоранд ва худ точи мунаҳқаше ба сар ниҳода, бар он тахт нишаст. Чун хуршед тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он точу тахт афтод, шуоъе дар ҳояти рӯшан? падид омад. Шуъоро ба забони паҳлавӣ шед мегӯянд ва он лафзро ба ҳам афзуданду Чамшед гуфтанд, яъне подшоҳи рӯшан. Ва он рӯз Қашни азим карданд ва онро Наврӯз ном ниҳоданд. Наврӯз дар замонҳои қадим аз 6 то 13 р?з таҳлил мешуд. То ба имрӯз дар Эрон Наврӯзро 13 рӯз чун оҒози соли нав чашн мегиранд. ҳангоме, ки мардумони Хуросону Мовароуннаҳр ба ислом рӯ оварданд, арабҳо чашни Наврӯзро мамнӯъ насохта, баръакс солшумории ҳичрии хуршедиро ба он мутобиқ сохтанд ва аввали ҳамалро сари сол хонданд ва Наврӯз ҳар сол ботантана дар ин марзу бум таҳлил мешуд. Дар Осиёи Миёна ҳам то ишҒоли императории рус ин сарзаминро (аз солҳои 1868-1870), Наврӯз ба таври расмӣ соли нав маҳсуб мешуд ва чашн гирифтани он вобаста ба тақвими деҳқонӯ ва фаро расидани баҳор дар минтақаҳҳои гуногун каме фарқ мекард. Дар шаҳрҳои сернуфузи кишвар –Самарқанду Бухоро, Панчакенту ФарҒона, Хучанду Истаравшан, Кӯлобу Ҳисор, Деҳнаву Насаф ва маҳалҳои дигар чашнгоҳҳои махсус сохта, базмҳо меоростанд. Тарзи барпо шудани ҳамин гуна чашни солинавиро дар Бухорои он замон маорифпарвар ва нависандаи бузурги точик Аҳмади Дониш ва Садриддини Айнӣ бо тамоми тафсилоташ ба ҳалам овардаанд. Дар қаламрави Россияи подшоҳӣ ҳамаи корҳои давлатдорӣ дар кишвари Туркистон бо тақвимӣ григор-мелодӣ сурат мегирифт, вале маъмурини русӣ истифодаи тақвими ҳичрии шамсӣ ва ҳичрии қамариро, алалхусус дар аморати Бухоро, ки он вақт ин шаҳр назди аҳли олам маркази тамаддуни исломӣ ҳисоб мешуд, манъ накарда буданд. Баъди Ғалабаи Инқилоби Октябр ва сари қудрат омадани ҳизби коммунист ва талҳину тарвиҳи афкори марксистӣ дар истифодаи солшумориҳои ҳичрӣ ва баргузории чашнҳои миллӣ, алалхусус дар чумҳуриҳои сокинонаш мусулмон таҒйироти чиддӣ ба амал омад. ҳамаи коргузориҳо комилан ба тақвими мелод? сурат мегирифт. Бо амри сарварони қудрат зиёиёни туркзабони Осиёи Марказӣ ва баъдтар равшанфикрони Точикистон ҳам аз алифбои зиёда аз ҳазор сол ривоҳдоштаи форсӣ-арабӣ даст кашида, ба навиштани лотинӣ ва баъдан кирилл? -русӣ гузаштанд. Солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 касе, ки дар бораи чашнҳои миллӣ ва нигоҳ доштани хати форсӣ ҳарф мезад, ба зудӣ аксулинқилоб ва унсури бегона эълон шуда, ё ҳабс ё душмани халқ мешуд. Тавре бобоёну бибиҳоямон нақл менамуданд, чашни Наврӯз ҳам дар ин солҳо ба таври расмӣ таҳлил нашуда, вале мардум дар шаҳру навоҳӣ ва деҳот омаданашро бесаброна интизорӣ кашида, ба таври ошкору пинҳонӣ онро истиқбол мегирифтанд. Фақат баъди Ғалаба дар чанги дуюми чаҳон ва пайдоиши озодандешӣ дар ?аламрави соби? Ш?рав? суннату анъна?ои милл? дар ?ум?ури?о аз нав э?ё шуданд ва ?ашни Навр?з дубора э?ё гардид. Во?еан дар э?ё гардонидани Наврӣз дар чумҳурии Точикистон саҳми фарзандони барҳманду фарзонаи миллати точик, амсоли Садриддин Айнӣ, Бобочон Қафуров, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон калон аст. Чуноне гуфтем Наврӯз аслан чашни бостонии халқҳои эронитабор аст, вале бо мурури замон Наврӯзро халқҳои дигари туркнажоди ӯзбек, туркман, ҚирҒиз, қазоқ, озарӣ, тотор, бошқир ва Ғайра ҳам пазируфта, чун чашни миллии худ таҳлил мекунанд. Мардуми точик, ки аслан аз нажоди ориёист ва дар қиёс бо дигар халқҳои Осиёи Марказӣ бо забони ноби форсӣ, фарҳанг ва тамаддуни худ хусусияти хосро дорост, чашни Наврӯзро хело пуршукӯҳ ва дар сатҳи баланд аз 21 март то аввали моҳи апрел таҳлил менамоянд. Аз қадами муборак ва фархундаи Баҳор-Наврӯз табиати зебо аз хоби ноз бедор мегардад, аз нав эҳё мешавад. Бахусус, табиати дилфиреби Точикистон, ки қариб 93 фоизашро кӯҳсор ташкил медиҳад, хело нотакрор мегардад, кас аз тамошои манзараҳои дилфиреб ба ваҳд омада, қалам ба даст мегирад, то он ҳама зебоиҳои табиати диёрро бо хомаи нози хайёл ба мисли марворид шадда намоҳ. Замин ба мисли арӯси нозанин қабои сабзи махмалин –себаргаю сабза ба бар менамояд. Андалебон дар чаманистон ба Ғазалсароҳ медароянд, обшорон рақс менамоянд, рӯдҳо пурқҳшу хуруш гардида, туҒён мекунанд. Хулас, табиат эҳё мегардад, эҳё. Бо омад-омади Наврӯзи ҳучистапай, ки аслан точикон онро чунин ном мебаранд, шабу рӯз баробар мегардад. Сардии зимистон чойи худро ба рӯзҳои гарму офтобии баҳорон медиҳад. Марди деҳқон, ки рӯзирасони мардум аст, каланд ба даст гирифта, замин шудгор менамояд, бо ҳазор орзую омол донаи умед-донаи гандум ба замин кишт менамояд. К?дакон, ки аз сардиҳои зимистон дилхаста гардидаанд, фасли зебои баҳорро бесаброна интизорӣ мекашанд. Аз омад-омади баҳор беқарор гардида, ба кӯҳу саҳро мебароянд, гулҳои бойчечаку сиёҳгӯш ва наврӯзӣчинда, сурудхонон ба хонаҳои аҳли маҳалла ва гузари худ мераванд ва аз омад –омади баҳор мужда ва пайём мерасонанд. Ин маросимро маросими «Гулгардон» мегӯянд. Соҳибхоназанҳо гулҳои баҳориро аз дасти кҳдакон гирифта, ба дидагони худ мегузоранд ва шукри Яздони покро мегӯянд, ки ба баҳори нав ва ба Наврӯз расиданд. чашни Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни Точикистон - СуҒду Хатлон, ҳисори шодмон, Рашту Бадахшон ва пойтахти Точикистон –шаҳри Душанбе ботантана дар асоси анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои наврӯзӣ истиқбол гирифта мешавад. Бахусус, бонувон то омад -омади Наврӯ?з суманак, мегузоранд, ки он рамзи баҳору Наврӯз аст. Онҳо гандумро тоза шуста дар зарфи мисин, хусусан таҒораҳо мегиранд ва ба болои он дока-матоъи Ғарири аз пахта истеҳсолшударо партофта, дар ҳавои кушод зери борони найсони баҳорӣ мегузоранд. Баъди неш баровардани донаҳои гандум онро дар лаъличаҳои андозаашон гуногун мегузоранд. Ва то баланд гардидани сабза ( аслан барои тайёр кардани суманак сабзаи гандум набояд баланд гардад) интизорӣ мекашанд ва онро дар шакли чоркунча бо кордча бурид дар уқрак мекӯбанд, ва шираи гандуми сабзидаро аз дока- полонда ба дег мегузоранд ва дар оташи на пасту на баланд то дар шакли ҳавло гардиданаш онро мемоанд. Аслан мардуми точик анъанаи хуберо аз қадимулайём нигоҳ медоранд. Ин ҳам бошад дар атрофи деги суманак бо аҳли хонавода, хешу табор, аҳли гузар ҳамъ омада ашҳла ва таронаи «Суманак»-ро зам-зама менамоянд ва бо навбат бо кафгир деги суманакро бо нияти нек ва орзу?ои ширини наврӯзӣ мекобанд. Ва чунин мисраъҳои шеъриро қироат мекунанд: Суманак дар чӯш мон кафча занем, Дигарон дар хоб мо лабча занем. Суманак рамзи баҳорай, Ошиқи шабзиндадорай Иди Наврӯзӣ муборак! Суманак яке аз намудҳои шириниҳои машриқзамин буда, он дар арафаи чашни бузурги Наврӯз тайёр карда мешавад. Суманак ширинии серқизо аст, он ба саломатии инсон фоидаовар мебошад. Суманакро точикон дар ду шакл- дар шакли ҳалвогӣ ва кулчаг? мепазанд. ҳалвоҳ дар дег ва кулчагӣ бошад-шираи гандумро бо каме орд якчоя намуда, дар шакли кулча ба мисли нон дар танӯр мепазанд. Истиқболи дигари сазовори Наврӯз ин оро додани хони Наврӯз? бо навъҳои гуногуни таом ва маҳсулотҳоест, ки номҳояшон бо ҳарфҳои «Син» ва «Шин» оҒоз мегарданд. Аз чумла, суманак, сумот, самбӯса, сабзӣ, санчид, себ, ширинӣ, шарбат ва Ғайраҳо мебошанд. Инчунин барои бофайзу баракат гардидани тамоми сол дар хони Наврӯзӣ ҳафт навъи мева мегузоранд. Гузоштани шамъ дар миёни хони Наврӣзӣ худ рамзи фурҳзонию равшанӣ ва саодати рӯзгор буда, гузоштани сабза сарсабзию хуррамии миллату сарзамин аст. чашни Наврӯзи фархунда дар тамоми минтақаҳои чумҳурӣ аз чониби мардум бо рӯҳияи идона ва пур аз шодиву сурур истиӯбол гирифта мешавад. Аз субҳи содиқ садои форами карнайю сурнай ва най мардумро ба базмгаҳи Наврӯзӣ ҳидоят менамояд. Пиру барно шоду хандон либосҳои идона ба бар карда, бо рӯҳияи идона ба базмгаҳи Наврӯзӣ мешитобанд. Дар миёни базмгаҳи Наврӯзӣ гулхан фурҳзон карда мешавад. Дар атрофи гулхан пиру барно даврагардӣ менамоянд бо умеди рӯзгори неку босаодат ва раҳоӣ аз азобу кулфати рӯзгор. Дар сӯйи дигари базмгаҳи Наврӯзӣ мутрибону ҳофизон шеъру тарона месароянд, хиромон мерасанд. Базлагӯёну масхарабозон рӯҳияи идонаи мардумро болида мегардорнанд. Писарону духтарони чавон давра ороста дубайтию рубоиҳои ошиқона қироат мекунанд. Базмгаҳи Наврӯзиро бидуни човандоз? ва дигар мусобиҳаҳои маъмули варзишӣ, аз қабили гӯштингир?, чавгонбоз?, камонвар?, озмоиши қувваи даст, бучулбозӣ ва паррандабозӣ тасаввур кардан нашояд. Дар базмгаҳи Наврӯзӣ човандозҳои моҳир аз минтақаҳои дурдасти кишвар чамъ омада, бузкашӣ мекунанд, ки яке аз мусобиқаҳои маъмули варзишист. Инчунин, бо иштироки паҳлавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ва хоричи он мусобиқаи варзишии- гӯштингирӣ ташкил карда мешавад. Ба беҳтарин паҳлавонон тӯҳфаҳои қимматбаҳо, аз қабили автомобил, қолин, яхдон ва дигар чизҳои рӯзгор ва Ғайра тақдим карда мешавад. Хулас, чашни Наврӯзи хучастапай дар сарзамини точикон бо шукӯҳу шаҳомати бузург тачлил гардида, он ба иди баҳору зебоӣ ва ҳамрайъию ваҳдати тамоми қавмҳои гуногуни Точикистони офтобӣ табдил мегардад. То чое мусаллам аст, дар соли равон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Шероз /Эрон/ тачлил карда мешавад, ки дар маросими чашнгирии он Президенти чумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон дар радифи намояндагони баландпояи 20 кишвари чаҳон, ки Наврӯз дар онҳо таҳлил мегардад, даъват шудааст. Дар сатҳи чумҳурӣ бошад Наврӯз дар ноҳияи Данқараи вилояти Хатлон бо фарогир аз суннатҳои наврӯзии мардуми точик истиқбол ва чашн гирифта мешавад.