Вилоятхои Точикистон

Дар асоси конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби халли масъалахои сохти марзиву маъмурии Чумхурии Тоиикистон», вохидхои марзиву маъмури ва махалхои ахолишини Чумхурии Точикистон Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоят, шахр, нохия, шахрак, дехот ва деха мебошанд. Нохияхо дехави ва шахри буда, дар итоати чумхури, вилоят ё шахр шуда метавонанд.




1-Вилояти Сугд
2-Нохияхои тобеи марказ
3-Вилояти Хатлон
4- Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон

Шахрхои калонтарини Точикистон инхо мебошанд:

Душанбе - пойтахт,
Хучанд - маркази вилояти Сугд,
Хоруг - маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,
Кулоб - дар вилояти Хатлон,
Кургонтеппа - маркази вилояти Хатлон,
Истаравшан - дар вилояти Сугд,
Вахдат - дар НТМ


Вилояти Суғд

Вилояти Суғд - вилоятест дар шимоли Тоҷикистон. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад. Вилоят аз ноҳияҳои зерин иборат аст. Хуҷанд мебошад. Вилоят аз ноҳияҳои зерин иборат аст.
Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар шимол каторкуҳҳои Қурама (баландиаш 3769 м) ва Муғул (1624 м) Ҷойгир шудааст, ки ба силсилаи кӯҳҳои Тиён-шон дохил мешавад. Самти ҷануби бо силсилакӯҳҳои Туркистон (5509 м), Зарафшон( 5489 м) ва Ҳисор банд мебошад, ки ба силсилаи куҳҳои Ҳисору Олой мансуб аст. Байни силсилакӯҳҳои Қурама ва Туркистон, ғарбии водии Фарғона мавқеъ дорад, ки аз он дарёи Сир мегузарад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро водии Фарғона аз ҳам ҷудо мекунад. Иқлимаш хушк. Зимистон на он қадар сард (ҳарорати миёна моҳи январ -1,1), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +28); боришоти солона -150 мм, дар чойҳо 300 мм дар як сол. Баъзан шамоли гарму хушк мевазад. Дар кӯҳҳо, баландии тахмин 1000 м сардтар (ҳарорати миёнаи моҳи январ -4 ва июл +26), боришот зиёда аз 400мм дар сол; дар баландии 2500 м ҳарорати миёнаи моҳи январ -9, июл +15, боришоти солона то 800 мм. Дарёҳо - Сирдарё бо ҷорӣ шудани Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра. Ҳамчунин Зарафшон бо шохобҳояш Фондарё, Кштут, Мағиён, ки дорои пиряxҳои барфӣ буда захираи калони гидроэнергетикӣ дорад ва барои обёрии заминҳо истифода бурда мешавад. Кӯлҳои калонтарин: Искандаркҳл ва Оқсуқон. Хокҳои қисми ҳамворигӣ-хокистарранги кушод, дар кӯҳҳо хокистарранги тира бартарӣ доранд, ки онҳо тадриҷан ба хокҳои ҷигартоб, хокҳои кӯҳӣ-бешагӣ ва хокҳои марғзории кӯҳӣ иваз мешаванд. Олами растаниҳои минтақаро растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ташкил медиҳанд; явшан(шибоғ), хори пои уштур, дар водиҳои дарёҳо ба миқдори кам тӯқайзорҳо боқӣ мондаанд. Дар нишебии қатокӯҳҳо то баландии 1000 м растаниҳои шибоғу шӯрагиҳо ва дар баландии 1500-1700 м ва зиёдтар аз он растаниҳои гуногуни кӯҳи ҳастанд. Минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ дар баландии 2500-300м ҷойгиранд. Олами ҳайвонот; аз ширхӯрон, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, барсук, хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, барси барфӣ дида мешаванд. Дар дарёву кӯлҳои вилоят гуломоҳӣ, зағормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва бурутмоҳии туркӣ, ширмоҳӣ, зиндагӣ доранд.


Ноҳияҳои тобеъи марказ

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - як воҳиди идорӣ аз тақсимоти кишварии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки сенздаҳ ноҳияро дар бар мегирад ва шомили ҳеҷ кадом аз вилоятҳои Тоҷикистон нест ва мустақиман аз Душанбе идора мешавад. Паҳноварии ин воҳиди идорӣ 28 400 км2 ва шумораи зияндагони он 1 606 900 кас дар соли 2006 буда аст.


Вилояти Хатлон

Вилояти Хатлон — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Марказаш шаҳри Қӯрғонтеппа аст ки 100км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст. Вилояти Хатлон расман дар 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст. Ҷойгоҳ Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км2 дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбакистон ҳаммарз аст.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2009, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 2 700 200 кас буда, ки 35,9 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464,5 ҳазор нафар (17,2 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 2210,7 ҳазор нафар (82,8 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 108,9 кас бар км2 аст. Мардуми Хатлон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд.


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст ки 525 км шарқтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Ғунд ба рӯди Панҷ ҷой гирифта аст ва 29,3 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. ВМКБ бо сарзамине 64,2 ҳазор км дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевская (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми ҷаҳон низ меноманд.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2009 аҳолии ВМКБ 220 600 кас буда аст ки 3 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 3,4 кас бар км2 аст. Аз ин шумор 29,3 ҳазор нафар (13,3 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 191,3 ҳазор нафар (86,7 дарсад) рустоист. Мардуми Бадахшон ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ сухан мегӯянд.

Таърих

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон ташкил шуда аст. 4 августи соли 1967 аз раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ барои дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ Нишони Ленин дарёфт карда аст.

Интихоби забон
    --
Хаво дар Душанбе

 

Курби асъор
Таджикских сомони Таджикский сомони валюта Таджикистана
(RUB)//-//
(CHF)//-//
(GBP)//-//
(EUR)//-//
(USD)//-//
(INR)//-//
(JPY)//-//


Исмоили Сомони Ахрори 107
Тел:919-14-06-60, 93-515-71-69
E-mail: gwjoko@inbox.ru
Copyright © 2012 Хусайнов Абдурахим