Идҳои Тоҷикистон

 

1 январ - Соли нав

Соли нав - яке аз қадимтарин идҳост,ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.Э.Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати милли

Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа даъво мекарданд. 

Императори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ дӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чӣ дод... 

Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.  

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон тӯҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот тӯҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I як маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд. 

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оиди рӯзи ҷашнгириро ба 1 январи соли 1752 гузарониданд ба занҳо хуш наомад. Намояндагони занон ба назди сухангӯи парлумон омада иброз доштаанд, ки парлумон ҳуқуқ надорад занҳоро ин қадар зиёд рӯз калонтар кунад. Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро ки ин дар ин давра табиат аз нав зинда ва мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.  

 

 

Аксҳо

Пайвандҳо

Адрес: Маяковски 60/1
Телефон: 985863886
E-mail: ehson10_1995@mail.ru

E-mail: fathullo.nurulloev@mail.ru