|
|
Фарёди лаклакон
Чун зарбаи тозиёна борон,
Мерехт ба фарқи бешазорон.
Хуршед сари буридаи кист,
К-андар паси абрҳост пинҳон?
Олуда ба хуни одамизод,
Гулғунча лабони баста бикшод.
Саф баста чу ҳалқаҳои занҷир,
Як селаи лаклакони озод.
Болои Хатин садо намуданд,
Қосиди баҳори тоза буданд.
Нашнида яке садо ба посух
Гуфтанд ба худ: хато намуданд.
Бигзашт хазону навбаҳорон
Рафтанду биёмаданд ҳайрон.
Бар ҷои Хатин қатор диданд,
Гӯри ҳама деҳаҳои вайрон.
Аз гунбази гӯрҳои хомӯш,
Омад чу садои занг бар гӯш.
Фарёд кашидаву гиристанд,
Ғамҳои башар гирифта оғӯш.
Бингар ҳама лаклакон ҳазинанд,
Бар дарду ғами ҷаҳон қаринанд.
Фарзанди муқимии Хатинанд,
Дар мотами рафтагон нишинанд...
<< аввала дигар >>
|
 |
 |
 |
|