Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

РОЗИ ДАРДҲО


Агар дарде намебудӣ ба дунё,
Дили дардошно пайдо намешуд.
Чу ашке қатра-қатра оби тарма,
Чакида ҷӯю ҷӯ дарё намешуд.

Агар дарде намебудӣ ба дунё,
Намеомад ба гӯш овои мурғон.
На раъду барқ ғул-ғул мефикандӣ,
Намеборид бо ин шарфа борон.

Агар дарде намебудӣ ба дунё,
Набуд аз шоиру шеъраш нишона.
На аз торе садое мебаромад,
На аз най нолаҳои ошиқона.

Агар дарде набудӣ, тифли навзод,
Намехандид дар гаҳвораи хоб.
Агар дарде намебуд,обу оташ
Намедоданд оҳанро табу тоб.

Тамоми розҳои зиндагонӣ,
ҳама пайванд бо кафшери дард аст.
Бигӯяд чашмаи хорошикаста,
Миёни дарду бедардӣ набард аст.

<< аввала    дигар >>