Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ОБШОРИ ОФТОБ


Обшори нурҳои офтоб
Аз фарози қулла резон мешавад.
Ғунчаҳо аз шавқ лаб во мекунанд
Кӯҳу саҳро хандаборон мешавад.

Ғарқи шабнам гесувони сабзаҳо,
Бар замин истора гӯё рехтаст.
Рӯдҳо тобанд поку нуқрагин,
Каҳкашон оё ба дарё рехтаст?

Пуртароват нурҳои офтоб,
Метарованд аз сари ҳар шохсор.
Чашми шодобам шавад шодобтар,
Аз нигоҳи осмони беғубор.

Бол бикшуда ба истиқболи нур,
Кабк доғи синааш тар мекунад.
Накҳати гулхорҳои пуштаҳо
Зиндагониро муаттар мекунад.

Обшори нурҳои офтоб
Субҳдам аз қулла резон мешавад.
Ин ҷаҳони пир дар оғӯши нур
Навҷавон гардида, хандон мешавад.

<< аввала    дигар >>