Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ДОСТОНҲО САДОИ ХАТИН

МОНОЛОГИ АСКАРИ
номаълум


Садои занг,
Овози шаҳидони ҷавонмарг аст,
Ки меояд ба гӯши ман
Зи гунбадҳои гӯристон.
Ба фарёди баланд
Огоҳ бинмоянд
Шумо, эй ворисони зиндагӣ
Бар даҳр қисматбон!
Ба хун олудааст,
ҳар як ваҷаб хоки замини мо.
Ба ранги лола бишкуфта
Дили пурорзуи мо,
Забони оташини мо.
ҳанӯз аз мағз-мағзи хок ояд-
Бар димоғи мо
Чу рамзи марг бӯи хуни инсонӣ.
Шумо ҳушёр бошед
Аз адӯи ҷангҷӯ имрӯз.
Дубора то нагардад осмони соф зулмонӣ,
Ба бонгаш мезанад ноқус
Бонги изтироберо,
Ки эй насли башар,
Огоҳ бош аз фитнаи душман,
Табассум дар лабу
Сад кинае дар синаи душман.
Бишав огаҳ нагардад
Қиссаи Хиросима такрор,
Набинад ҳеҷ гаҳ чашми касе
Зиндони Освенсим!
Бухенвалду Хатину Сонгми умре фиғон доранд,
Биларзанд хиштҳо
Андар ҳисори Майданек аз бим!...

<< аввала    дигар >>