Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ГУФТУГӯИ ХАТИН


Маҷӯ ному нишони ман,
Дар оташ сӯхт ҷони ман,
ҳама пиру ҷавони ман,
Шунав акнун фиғони ман,
Ба ёди мурдагони ман.
Баҳорону шафақ чун шӯълаи гӯгирд мерахшид,
Маро оташ заданду дуди оҳам бар ҳаво печид,
Замин аз тир метаркид,
Само аз тарс меларзид.
Набинад ҳеҷ деҳа,
Дар ҷаҳон рӯзи сиёҳамро,
Аду афканд дар оташ,
Чу ҳезум тифлакони бегуноҳамро,
ҳама душизаҳою модарони бепаноҳамро,-
Касе нашнид додамро,
Касе нашнид оҳамро.
Маро тороҷ карданду бирафтанд,
Ба ҷоям монда хокистар.
Ман акнун гӯрҳои деҳаҳоям,
Ки мисли ман
Дар оташ сӯхтанду бенишон гаштанд.
Фақат дар лавҳаҳои мармарини гӯрҳои хеш,
Фақат дар лавҳаҳои дил,
Ба номи хеш зинда,
Ҷовидон гаштанд.
Кунун з-овози занги гӯрҳои хонадони ман,
Шунав дунё фиғони ман,
Фиғони мурдагони ман.
Ману ту Сонгми ҳамқисмату ҳамдарду ҳамовоз,
Пас аз бист сол шуд такрор бо ту достони ман
Шунав ту боби аввалро
Зи тифли нимҷони ман.

<< аввала    дигар >>