Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

РОЗИ ТИФЛ


На оташ,
Балки нори дӯзахи афсонавӣ будӣ,
Ки месӯзонд аду моро.
Падар дар ҷанг буду
Модарам ҳамроҳи ӯ донор,
Раҳо кардам худамро
Аз сарои марг бигрехтам,
Панаҳ ҷустам ба ҷангалзор.
Вале тири аду чун сайд
Дар ҷангал шикорам кард,
Зи қудрат бемадорам кард,
Ба бехи сарв гӯё аз тани ман ҷӯи хун мерехт.
Фитодам,
Хоб дидам, модарамро
Бигуфто сабр кун ҳоло
Ду-се аскар ҷароҳатдор.
Бирафта хунашон бисёр
Ба онҳо хун диҳам.
Он гаҳ биёям баҳри имдодат
Шудам бедор.
Гуфтам- модари ман қаҳрамон будаст!
Ки бо хунаш харида ҷони садҳо қаҳрамононро.
Бародарҳои ҳамхунам,
Шумо дар даҳр бисёред,
Маро аз хок бардоред...

<< аввала    дигар >>