ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


КОНСТИТУТСИЯИ
(САРҚОНУНИ)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Б о б и    ш а ш у м

ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ

Моддаи 76. Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Моддаи 77. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Моддаи 78. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзӣ раис сарварӣ мекунад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст. Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

Моддаи 79. Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он қаламрав ҳатмист. Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

Моддаи 80. Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru