ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Вилояти Суғд

Вилояти Суғд - вилоятест дар шимоли Тоҷикистон. Марказаш шаҳри Хуҷанд мебошад. Вилоят аз ноҳияҳои зерин иборат аст. Хуҷанд мебошад. Вилоят аз ноҳияҳои зерин иборат аст.

Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар шимол каторкуҳҳои Қурама (баландиаш 3769 м) ва Муғул (1624 м) Ҷойгир шудааст, ки ба силсилаи кӯҳҳои Тиён-шон дохил мешавад. Самти ҷануби бо силсилакӯҳҳои Туркистон (5509 м), Зарафшон( 5489 м) ва Ҳисор банд мебошад, ки ба силсилаи куҳҳои Ҳисору Олой мансуб аст. Байни силсилакӯҳҳои Қурама ва Туркистон, ғарбии водии Фарғона мавқеъ дорад, ки аз он дарёи Сир мегузарад.

Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро водии Фарғона аз ҳам ҷудо мекунад. Иқлимаш хушк. Зимистон на он қадар сард (ҳарорати миёна моҳи январ -1,1), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +28); боришоти солона -150 мм, дар чойҳо 300 мм дар як сол. Баъзан шамоли гарму хушк мевазад. Дар кӯҳҳо, баландии тахмин 1000 м сардтар (ҳарорати миёнаи моҳи январ -4 ва июл +26), боришот зиёда аз 400мм дар сол; дар баландии 2500 м ҳарорати миёнаи моҳи январ -9, июл +15, боришоти солона то 800 мм.

Дарёҳо - Сирдарё бо ҷорӣ шудани Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра. Ҳамчунин Зарафшон бо шохобҳояш Фондарё, Кштут, Мағиён, ки дорои пиряxҳои барфӣ буда захираи калони гидроэнергетикӣ дорад ва барои обёрии заминҳо истифода бурда мешавад.

Кӯлҳои калонтарин: Искандаркҳл ва Оқсуқон. Хокҳои қисми ҳамворигӣ-хокистарранги кушод, дар кӯҳҳо хокистарранги тира бартарӣ доранд, ки онҳо тадриҷан ба хокҳои ҷигартоб, хокҳои кӯҳӣ-бешагӣ ва хокҳои марғзории кӯҳӣ иваз мешаванд. Олами растаниҳои минтақаро растаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ташкил медиҳанд; явшан(шибоғ), хори пои уштур, дар водиҳои дарёҳо ба миқдори кам тӯқайзорҳо боқӣ мондаанд.

Дар нишебии қатокӯҳҳо то баландии 1000 м растаниҳои шибоғу шӯрагиҳо ва дар баландии 1500-1700 м ва зиёдтар аз он растаниҳои гуногуни кӯҳи ҳастанд. Минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ дар баландии 2500-300м ҷойгиранд. Олами ҳайвонот; аз ширхӯрон, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, барсук, хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, барси барфӣ дида мешаванд. Дар дарёву кӯлҳои вилоят гуломоҳӣ, зағормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва бурутмоҳии туркӣ, ширмоҳӣ, зиндагӣ доранд.

Таърих

Бахшбандӣ


Бино бар қонуни тақсимоти кишварии ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд 8 шаҳр, 22 шаҳрак, 14 ноҳия ва 93 ҷамоат дорад.

Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд
Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ
(31.12.2009)
ҳазор кас
Паҳно
ҳазор км2
Зичии
аҳолӣ
кас/км?
шаҳри Хуҷанд 158,2 0,0 87,3
шаҳри Истаравшан 62,9
шаҳри Исфара 42,0
шаҳри Қайроққум 40,4
шаҳри Конибодом 47,9
шаҳри Панҷиканд 36,5
шаҳри Табошар 13,5
шаҳри Чкаловск 27,6
ноҳияи Айнӣ 71,6 5,2 13,8
ноҳияи Ашт 133,0 2,8 47,5
ноҳияи Ғафуров 307,7 2,7 113,9
ноҳияи Ғончӣ 140,0 1,6 87,5
ноҳияи Зафаробод 59,8 0,5 119,6
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 21,2 3,7 5,7
ноҳияи Мастчоҳ 101,7 1,0 101,8
ноҳияи Расулов 115,6 0,3 385,3
ноҳияи Спитаман 116,8 0,4 292,0
ноҳияи Шаҳристон 34,5 1,2 28,8
Ҳамагӣ 2217,0 25,4 87,3
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru