ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Вилояти Хатлон

Вилояти Хатлон — вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марказаш шаҳри Қӯрғонтеппа аст ки 100км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар каронаи рӯди Вахш ҷой гирифта аст.

Вилояти Хатлон расман дар 2 декабри соли 1992 бар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда аст.

Ҷойгоҳ

Вилояти Хатлон бо сарзамине 24 600 км2 дар водии Вахш ҷойгир аст ва 17,2 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ин вилоят дар шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ бо вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ғарб бо Узбакистон ҳаммарз аст.

Мардум

Бино бар саршумори соли 2009, шумораи аҳолии вилояти Хатлон 2 700 200 кас буда, ки 35,9 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 464,5 ҳазор нафар (17,2 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 2210,7 ҳазор нафар (82,8 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 108,9 кас бар км2 аст. Мардуми Хатлон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд.

Таърих

Пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд ин натиҷаро медиҳад ки Хатлонро дар садаҳои миёна Хутталон ё Хуттал меномиданд ва он вилояте буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт.

Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик» Хутталро аз навоҳии Балх дониста ва шаҳрҳои онро чунин ном мебарад: Ҳаловард, Ловаканд, Корбанк, Тамлиёт ва Ҳулбук. Вай ин шаҳрҳоро дар шумори Мовароуннаҳр меоварад ва мегӯяд ки «аз Хуттал сутур нек хезад» ва «Хуттал бар канори рӯди Ҷарёб аст» ва «замини Хуттал ободон аст бо кишоварзӣ ва меваи бисёр ва дар миёни Хатлон пуле бар рӯи об сохтаанд, ки сарҳадди Вишгирд аст, ки аз онҳо ба ҳудуди Балх меравад то ба Тирмиз бирасад ва ин рӯд Вахшоб аст, ки аз Туркистон берун ояд ва ба замини Вахш расад ва ин пул дар наздикии кӯҳе дар байни Хатлон баста шудааст».

Бино бар навиштаи «Ҷудуд ул-олам», «Хутталон ноҳиятест ба ҳудуди Мовароуннаҳр андар миёни кӯҳҳои бузург ва ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият мардумоне ҷангианд ва андар ҳудуди вай аз сӯи Туббат мардумонеанд ваҳшӣ. Андар биёбонҳо ва андар кӯҳҳои вай маъдани сим аст ва зар ва аз ин ноҳият аспони нек хезад бисёр».

Номи ин вилоятро Хатлон ва Хуталон ва ал-Хуттал низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:

Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд,

Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.


Дар роҳномаҳо ва роҳнамоҳои асрҳои миёна Хуттал ё Хатлон аз иқлими чаҳорум, тӯлаш аз ҷазоири Холидот «фо» (81 дараҷа) ва арзи он аз хатти устуво «к» (20 дараҷа) зикр шудааст. Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Неҳзат ал-қулуб» мегӯяд ки Хуттал «шаҳре бузург буда ва акнун (дар рӯзгори Муставфӣ) хароб аст. Ҳосилаш ғалла ва пунба ва ангур аст».

Абулфидоъ дар «Тақвим ул-булдон» Хутталро номи иқлиме аз и⮫лимҳои Хуросон дар ин сӯи Ҷайҳун медонад ва кӯраи Хутталро ба билоди Мовароуннаҳр мепайвандад ва дар тавсифи он мегӯяд: «... ҳамаи шаҳрҳои Хутталро обу дарахт бошад ва дар сарзаминест бас хуррам ва ботароват ва ҳамаи он сарзамин ҷуз андаке дар ?амворѿ бошад. Миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст ва рӯди Хуталро Харбоб ё Ҷарёб гӯянд. Дар Хуттал рҷдҳои бисёр аст ки чун гирд оянд оғози Ҷайҳун шаванд».

Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ маърифат ул-ақолим» Хутталро «хӯрае бузург бо шаҳрҳои бисёр» муаррифӣ мекунад ва мегӯяд ки «Хутал аз Чағониён муҳимтар ва густурдатар ва дорои шаҳрҳои бештару пурбаракаттар аст» ва қасабаи Хутталро ба номи Ҳулбук мехонад.

Ёқути Ҳамавӣ ки ин сарзаминро як – ду сол пеш аз ҳамлаи муғул ба чашми сар дида аст, дар «Мӯъҷам ул-булдон» Хутталро аз минтақаи Мовароуннаҳр медонад ва аз мансубон бад-он Наср ибни Муҳаммад ал-Хатлиро муаррифӣ мекунад ки фақиҳи ҳанафӣ ва шореҳи китоби «ал-Қудури алӣ мазҳаб Аби-Ҳанифа» будааст.

Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосонӣ, 420 – 438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 300 дирҳам зикр кардаанд.

Шаҳрҳои Хуттал ҳама дорои ҷӯйҳо ва дарахтон будаанд ва дар замини ҳамвор қарор доштанд, ҷуз аз шаҳр Сикандара ки дар кӯҳҳо қарор дошт. Роҳи Хуталро ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз» чунин баён мекунад: «... роҳи Хутал ба сӯи Чағониён бад-ин шарҳ аст: аз маъбари Бадахшон воқеъ бар рӯди Харбоб то Мунк шаш манзил ва аз онҳо то Пули Сангӣ ду манзил ва то шаҳри Леваканд ду манзил ва то Ҳаловард як манзил...».

Бахшбандӣ

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон 6 шаҳр, 24 ноҳия ва 133 ҷамаот дорад:

Шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон
Номи воҳиди идорӣ

Аҳолӣ
(31.12.2009)
ҳазор кас

Паҳноварӣ
ҳазор км2
Зичии
аҳолӣ
кас/км2
шаҳри Қурғонтеппа 72,9    
шаҳри Кӯлоб 97,5    
шаҳри Норак 24,1    
шаҳри Сарбанд 13,7    
Ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ 136,1 0,6 226,8
Ноҳияи Балҷувон 26,7 1,3 20,5
Ноҳияи Бохтар 220,5 0,6 367,5
Ноҳияи Вахш 154,3 1,0 154,3
Ноҳияи Восеъ 180,6 0,8 225,8
Ноҳияи Данғара 120,7 2,0 60,4
Ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ 159,9 0,9 177,7
Ноҳияи Ҷиликӯл 93,9 1,2 78,3
Ноҳияи Қубодиён 145,8 1,9 76,8
Ноҳияи Қумсангир 106,7 1,0 106,8
Ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ 128,9 0,5 257,8
Ноҳияи Мӯъминобод 77,5 0,9 86,1
Ноҳияи Носири Хусрав 29,6 0,8 37,0
Ноҳияи Норак 27,1 0,4 127,8
Ноҳияи Панҷ 99,7 0,9 110,8
Ноҳияи Темурмалик 60,0 1,0 59,9
Ноҳияи Фархор 138,3 1,2 115,3
Ноҳияи Ховалинг 48,5 1,7 28,5
Ноҳияи Хуросон 90,4 0,9 100,4
Ноҳияи Шаҳритус 103,4 1,5 68,9
Ноҳияи Шурообод 52,2 2,3 22,7
Ноҳияи Ёвон 176,2 1,0 176,1
Ҳамагӣ 2700,2 24,8 108,9
Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru