ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ 20 - СОЛАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Қубодиён

Ноҳияи Қубодиён  — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[1] ва дар солҳои 1930—1970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд.

Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён аст ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт.

Ҷойгоҳ   Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км? дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҷиликӯл, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритус аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.

Мардум Мардуми Қубодиён ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Қубодиён 118 721 тан ҷамъият дошт.

ҲукуматСарвари ноҳияи Қубодиён Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.

Таърих Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст.

Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: форсӣ: ва форсӣ: омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд. 

Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[6]. 

Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон[7], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён будааст. 

Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд. 

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. 

Истиснодҳои муфид


Дар бораи мо

Нишонаӣ Роҳи нав 189
Тел: 918-25-53-33;   917-15-50-75
Дом тел: 238-22-20
E-mail: Siyovush.13.94@mail.ru