Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ШОИР ВА ШОҲ

Шоҳи соҳибкорон - Темурланг
Қалб аз ҷанг дошт ё аз санг,
Хок дар зери пош меларзид.
Марг аз хашми ӯ ҳаметарсид.
Адлу инсоф дар гурез аз ӯ,
Мижаҳо дашнаю камон абрӯ.
Гар имое ба мижаҳо мекард,
Чанд сарро зи тан ҷудо мекард.
Бо ғазаб абрӯвон чу хам мекард,
Тухми одам зи хок кам мекард
…Баъди ҷанги шадид Эронро
Рӯбаҳосо гирифт шеронро.
Дод фармони «қатли ом» эълон,
К-аз ҳама саркашон ситонад ҷон.
В-аз сарони гузида дар он ҷо
Калламанорае кунанд бапо.
То ки аз ҳар канораи кишвар
Дида созанд ба зӯри ӯ бовар.
Бо ҳамин роҳ шоҳи оламгир
Ҷуст ба таслими халқҳо тадбир.
Хост ваҳму ҳарос андозад,
Халқҳоро мутеи худ созад.
Баҳри иҷрои амр як лашкар
Мезад аз Исфаҳони босар сар.
На саволу ҷавобу не пурсиш,
Ки аввал пурсиш асту баъд кушиш.
Қисса кӯтоҳ, лашкари ҷаллод
Кард аз сар манорае бунёд…


***



Сарбуриҳои тӯдаи бесар,
Соҳиби дину рутбаи афсар;
Ҳеҷ охир надошт…
Вовайло –

Аз замин мерасид то ба само.
Аҳли Эрон ҳама амон меҷуст,
Лек теғи амир ҷон меҷуст.
Пас гурӯҳе бурун шуд аз пирон,
Сӯи Темур шуда замингирон.
Арз карданд, к-эй шаҳи олам,
Аз ҳазор мабод умрат кам!
Аҳли Эрон, шаҳо, амон ҷӯяд,
Пиру барно туро дуо гӯяд…
Шаҳ ба ҷои амон фармон дод,
З-он сари чопарон ба хок афтод.
Мардум аз ин умед даст шустанд,
Пас аз он чораи дигар ҷустанд.
Роҳӣ карданд баъд аз ин тифлон,
Буд бар гардани ҳама қуръон.
Он китоби муқаддасе, гӯё
Банд бинмуда маҷраи дарё.
Он китобе миёни оташу об
На бисӯзад, на тар шавад, на хароб.
Шоҳи оташмиҷози пурдаҳшат,
Маснадорои марги пурваҳшат
Гуфт: «Ин қавмро сари бозист!
Шоҳу атфолро чӣ дамсозист?!
Дод фармон:
- Гулхан афрӯзед,
Ин ҳаромзодагонро сӯзед!
Тифлҳо бо китоби пайғамбар
Пеши чашмам шуданд хокистар.
Чораи дигаре набуд гӯё,
Халқ сарсону шаҳр пурғавғо.
Кас умеде надошт як рӯзе
Бас шавад сарбуриву хунрезӣ.


***


Вақти сармастии шаҳи мағрур
Мӯсафеде падид шуд аз дур.
Пирамарде ба мисли манбаи нур,
Ришу мӯяш сафед чун кофур.
Мӯ парешону чашм пурнам буд,
Дар либоси сиёҳи мотам буд.
Шеър мегуфту роҳ мепаймуд,
На зи мурдан, на аз шаҳаш ғам буд.
Дод Темур ба сарбурон фармон:
- Турфа девонаест ҳикматдон,
Бикашедаш ба назди мо, якчанд
Бозӣ дорем, - гуфт бо писханд.
Мардро пеши шоҳ оварданд,
Сари таъзим ҷӯмла хам карданд.
На саломе аз ӯю не таъзим,
На фурӯ кард ӯ сари таслим.
Шоҳ бо шӯхӣ гуфт:
- Эй Маҷнун,
Бин, ки Эрон шудаст ғаркаи хун!
Кистӣ, ин қадар ту бенангӣ,
Теғ бигрифтаю намеҷангӣ?..»
Мард гуфто ба ӯ ки:
ман хокам,

В-ар равам зери хок, бебокам.
Лек бо ту ба оини мардӣ
Оташам; гарчи оҳани сардӣ!
Шаҳ ба дил гар аз ин сухан ранҷид,
Зоҳиран қаҳ-қаҳзанон хандид.
- Ана, девонаро бипурс маҳ чанд,
Дар ҷавобаш шунав аз ӯ ин панд.
Эй гаранг, кистам, ту медонӣ?
Як дирам медиҳам, агар донӣ…
Гуфт: - Шоҳо, ту низ хок астӣ,
Лек аз хоку тинати пастӣ…
Шоҳ шӯрида дам фурӯ мебаст,
З-ин ҷавоби ҳаким чунон бишкаст,
К-аз хиҷолат даме хамӯш истод,
Пас ситеза намуда зад фарёд:
_ Хон дуоят! Агарчи садҷонӣ,
Нест андар халосат имконе!
Сари ту зеби ин манораи мост,
Пӯстат лоиқи нақораи мост!..
Пир бо ханда гуфт:
- Шаҳаншоҳо,
Сари мо зеби тоҷро надид асло.
Гар бихоҳӣ манора ороӣ,
Халқ эмину худ биёсоӣ,
Ҳеҷ як сар миёнаи сарҳо
Набувад чун сари шумо зебо.
Ӯ саре тоҷвар ба ҳаҷм калон,
Холию пурғуруру офати ҷон…
Шоҳ ларзида дод зад:
- Ҷаллод!!
Назди ӯ қотиле чу дор истод.
Пири доно ба нармӣ гуфт:
- Эй шоҳ,
Ту сабуксар машав чу шӯълаи коҳ!
Шӯъла то осмон кашад гар сар,
Мешавад зери пои хокистар.
Гар ба сад сол сар бурӣ, рӯзе
Сар бурандат ба теғи ҷонсӯзе!
Ин суханро шунидаӣ оё,
Ҷон баробар бувад ба шоҳу гадо.
Гар ту аз як сухан ғазаб кардӣ,
Сари гӯяндаро талаб кардӣ,
Вой бар ҳоли бегунаҳ мардум,
Ки бисозӣ ба қатлашон маҳкум…
Чашм бикшой, гар басар дорӣ,
Такя андар сари падар дорӣ!
Ҳам сари ту ба хок баргардад,
Такягоҳи каси дигар гардад.
Ту намонӣ ба олами имкон
То абад подшоҳи дунёбон!...


***


Шоҳи золим нишаста фикронӣ,
Буд ба рӯяш нишони ҳайронӣ.
Дастҳо хунфишону ҷаллодон,
Гӯшҳо интизор бар фармон.
Шоҳ аммо хамӯшу сархам буд,
Ҷаҳлу ақлаш нахуст маҳрам буд.
Баъди нимрӯз сар чу боло кард,
Сӯи ҷаллод ким-чӣ иммо кард.
Сарбурон мардро раҳо карданд,
Худ надониста ки чаро карданд.
Пас забон баркушод он мағрур:
- Ман яке бандаи худо Темур!
Амр ин аст: ҳамин замон лашкар
Қатъ созад ҷафою кандани сар!
Чопарон амри шоҳро бурданд,
Ба сари қотилонаш биспурданд;
Бо ҳамин ёфт сарбурӣ поён
Аз дами оташини теғи забон.
Гарчи шамшер тезу буррон аст,
Сухани ҳақ буротар аз он аст.
Кист он мард? – шоири ҳақгӯй,
Ҳофизу хоҷаи адолатҷӯй,
Он, ки доди суханварӣ дода,
Шеърро зидди теғ бинҳода.
Он, ки бо лафзи рост дар олам
Роҳ ёбад ба қалби ҳар одам…

1957
.
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба