Ҷустуҷӯ
Ҳуруфҳои тоҷикӣ



 

Тарҷумаи ҳоли Устод Қаноат

Шоири номдори тоҷик устод Мӯъмин Қаноат гарчӣ дилмашғулиҳои вай имрӯзӣ аст, аммо вай дар ҷустуҷӯи сурат ва шакли ирояи дилмашғулиҳои имрӯзин ба суннати адабии гузашта руҷӯъ кардааст.
Ин рӯйкард дар таваҷҷуҳ ба қавоиди мусиқии шеъри порсӣ ва шеъри арӯзӣ ба наҳви барҷастае намудор аст. Ба ҷуръат метавон гуфт, ки дар миёни шоирони муосири тоҷик ҳеҷ як ба андозаи Мӯъмин Қаноат ба қавоиди арӯзи шеъри порсӣ пойбанд нест ва дар сурудаҳои хеш бад-он иноят надорад.
Ин эҳтимоми вижа ба риояти қавоиди арӯзӣ ва мадди назар доштани қавоиди мусиқии арӯзи шеъри порсӣ муҷиб шуда, ки шеъри Мӯъмин аз баъзе каҷарзишиҳое, ки шеваи шабеҳи ҳунармандон аст, масун бимонд ва аз саломату салосате, ки лозим аст, бархурдор бошад. Шеваи нигоҳи ӯ ба шеър бе шабоҳат бо устоди бебадали шеъри порсӣ Маликушшуарои Баҳор нест. Баҳор низ дар ҳаёти шоирии худ дилбастагии тамом ба суннатҳои шеърӣ нишон дод. Забони шеъри устод Мӯъмин имрӯзӣ аст ва доираи вожагоне ки дар сохтмони шеъри хеш ба кор гирифта, матнӯъ. Манзумаҳои баланди вай намоёнгари тавоноӣ ва иқтидори шоир дар ба коргирии қолабҳои шеърии куҳан ҷиҳати халқи мазомини ҷадид аст.
Дар ҳақиқат шеъри Мӯъмин Қаноат ҳамонанди шахсияти ӯст, асил, бо муҳаббат, орому амиқ ва ба ҳангоми зарурат мамлӯ аз шӯру шавқ ва ҳамоса. Мӯъмин Қаноат ҳамчун дигар шоирони тоҷик дарди ҳувият дорад ва ҳувияти худро дар таърихи ниёкон ҷустуҷӯ мекунад.
Мӯъмин Қаноат зодаи Бадахшони Тоҷикистон аст, сарзамини лаълу шеър. Дилбастагии Мӯъмин ба Ибни Сино аст, ки солҳо дар аҳволу андешаи ӯ мутолиа карда ва зиндагиномае аз зиндагии ин файласуф таҳия кардааст. Достони баландмазмуни - «Гаҳвораи Сино» нишони вобастагии андешаи Мӯъмин ба мутафаккирони фарханги сутурги мост.
Аммо Мӯъмин дар гузашта намондааст ва бар он аст, ки мероси он бузургонро ба имрӯз пайванд занад, то дубора шӯру нишоти адаби куҳани забони порсиро эҳё кунад.
Олжас Сулаймонов, шоири маъруф ва муосири Қазоқистон, ба дурустӣ дар муқаддимаи худ навишта аст, ки «Гоҳе ба рустои дурдасти кӯҳистон меравам ва худро муаррифӣ мекунам: «Ман дӯсти Мӯъмин ҳастам», чаро ки ин ба маънои тазкираи вуруд ба ҳамаи ватани Мӯъмин аст, ки мардуми он диёр дилбохтаи дӯсту хидматгузори шоири худ аст.
Шеъри Мӯъмин чун дигар шоирони тоҷик аз марсия холӣ нест. Марсияи Мӯъмин ба даргузаштагон нест, марсияи ӯ марсияи ғарибиву ғурбат аз диёри ошност. Марсияи ӯ баргусастан аз пайвандҳои дерина аст. Аммо имрӯз Мӯъмин дигар марсия намехонад. Ӯ ба орзуҳои худ расидааст. Ҳофизияро зиёрат карда, ба хокбӯси Саъди рафтааст. Пешонӣ ба хоки ҳамосасарои таърихи адаби порсӣ Фирдавсии азим судаву бар қабру хокҷои сарояндаи «Шоҳнома» фотиҳа хондааст.
Мӯъмин фарзанди Носири Хисрави Қабодиёнӣ, имрӯз бар худ меболад, ки гузидаи ашъори ӯ дар Эрони азиз ба чоп мерасад. Худи ӯ мегуфт: «Ба яке аз кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс рафта будам. Меҳмони амир шудаму маро муаррифӣ карданд. Амири араб гуфт: ба кишвари мо дар халиқи хеш омадӣ, шунидаам шоирӣ, барои мо шеъре бихон. Филбадоҳа шеъре сурудам, ки радифи он халиҷи Форс буд. Амир то охири маҷлис талх шуд ва дигар чизе нагуфт». Ба ростӣ Мӯъмин ҷуз фарзанди Носири Хисрав, он фарзонаи шуҷоъ, нест. Ҳақиқатгӯӣ дар зоти ӯст ва шеъри ӯ таҷаллии чунин рӯҳияест.
Аз Мӯъмин Қаноат то кунун осори фаровон дар Тоҷикистон ба чоп расидааст, аммо гирдоварии чунин маҷмӯае аз ашъори Мӯъмин, ки баргузидаи беҳтарин осори ӯст, дар Тоҷикистон низ то кунун собиқа надоштааст. Барои хонандаи эронӣ ин маҷмӯа ва гузидаи ашъори Мӯъмин Қаноат, илова бар алфози бадеъ, тасвирҳои шеърии ҷадиде низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Зимни ин ки хонанда бо андешаҳои шоирии муҳим дар таърихи фарҳанги Тоҷикистон ва омолу орзуҳои ӯ, ки дар қолаби шеър баён шудааст, ошно мешавад.
Ин гузида шомили шеърҳои давраҳои мухталифи зиндагии шоир аст ва дар он достонҳои манзуму баланд «Сурӯши Сталинград» ва «Гаҳвораи Сино» низ замима шудааст.
Худоро сипос мегузорем, ки тавфиқе насибамон кард, то фасле аз дафтари маҳҷуриву муштоқии шеъри тоҷикро бар аҳли фазли Эрон бихонем. Чаҳор дафтари шеър дар муддати кӯтоҳтар аз як сол. Ва ин мақдур ва майсур набуда ва нест магар бо инояти хосаи ҳазрати Ҳақ(қ).
Умедворем, ки ин хидмат марзии ризои худованд ва мардиди таваҷҷӯҳу имтинони фарҳангдӯстони эронӣ ва тоҷикистонӣ қарор гирад.
Худованд дар тавфиқ бошад..
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба