Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Созҳои Шероз

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

ТАХТИ ҶАМШЕД

ЗОИНДАРӮД

САҲАР АЗ ХИЛВАТИ ХУД МЕРАВАМ БЕРУН

МАРО ГУФТ}О:БИЁ ШЕРОЗ – ПОЙАНДОЗ

СУРУДИ ОХИРИН

ЁД

РАИС

ИДГОҲ

ХИЁБОНИ ИҚБОЛ

ТО КУҶО РОНАНД ОДАМРО

МАНЗАРАИ ҚАБРИСТОНИ ВЕНА

РӮЗГОРОНИ БАЛАНД

ХУМБОВ

ПАРВАРИШГОҲИ ВАТАН

ХУНИ БАҲОРОН

ШАҲРИ ДИЛ

ЗИЛЗИЛА

ДУО БА ХАРОБОТИ ҚУНЕЙТРА

БА МОДАРИ ЛИБИЯ

ПАРАНДАҲОИ НАВБАҲОР

НАСИМИ ФОРСӢ

ШИКАСТ

МИРИ ШИКОР

ОЯД

ХУШ ОМАДӢ

БИЁ

НАМЕРАСАД

БИГИРЯМ

ЛОФИ ВАТАН

КИ МАСЪУД ЗОДАСТ ЧАРХИ БАРИНАШ

ТАРҲИ ЗОБУЛ

КАТИБАИ КУРУШИ КАБИР

МАҶОЗОТИ ҶАМШЕД

ОЛАМ ҒАЗАЛОМЕЗ ШУД

ДАР СУГВОРИИ УСТОД ОСИМӢ

ТО РУСТАМИ ЗАМОНА

НАХЛ МЕГИРЯД

ВАТАН

ЯК ЧАМАН СУХАН

ДУБАЙТИҲО

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

НАВРӮЗИИ ПАНҶРУД

РУБОИЁТ

САБЗМОҲ

ХАМӮШӢ

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА

САФАР БА МАҲИНҶАДАРА*

Гардуна мегардад ба тундӣ бо навои занг-занг,
Гардунаи ороста бо нақшҳои ранг-ранг.
Аз тундии гардунаю аз кундии аспи саманд,
Гарди қафо аз пеш ояд бо ҳавои чанг-чанг.
Рӯди Равӣ аз як тараф, шаҳроҳи Мултон як тараф,
Мо дар миёни асрҳо гаҳ пушти саф, гаҳ пешсаф.
Як аспу як гардунаю зангӯлаи як корвон,
Мошинаҳои тезрав аз назди мо ҳар дам равон.
- Эй сойиби гардунакаш, мо кай ба манзил мерасем…
- Вақте ки бар дил мерасем…
Вақте, ки бо худ мерасем,
Вақте ки бо ҳам мерасем.
- Эй сойиби гардунакаш, бо суръати мошинаҳо,
Дар нисбати вақту фазо,
Мошинсаворон пешрав, гардунгардон аз қафо,
Маҳмил куҷо, манзил куҷо?
То мо ба ҷое мерасем, киштсаворон то само…
- Роҳи муроди ростон бошад чунин, бошад чунон
Аз осмон то остон,
аз остон то осмон.

Ин роҳи деру дурро мардони дурандештар
Пӯянд бо оҳистагӣ бо чашми дил, бо чашми сар,
Ҳар кас, ки ояд пештар, афсурда гардад бештар.

1975.



* Маҳинҷадара - харобаҳои шахристони 5000-солаи ориёӣ
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба