Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ОҒОЗ

Эй Днепро, модари поки Тарас,
Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам,
Аз лаби дарёи Панҷи беқарор –
Аз Бадахшон, аз Зарафшон омадам.

Изн деҳ, як дам нишинам дар барат,
Сер бинам мавҷҳои дилбарат,
Бишнавам овози пуршӯри туро, -
Бо суруди Кобзар ҷӯри туро.

Бингарам бар шеваи рафтори ту,
Бишнавам то лаҳҷаи гуфтори ту,
То ба мисли Панҷ бишносам туро,
Дар Бадахшон ҷӯям осори туро.

Омадам пеши ту аз роҳи дароз -
На ба мисли раҳнаварду раҳгузар,
Омадам бо эҳтирому боварӣ
Ҳамчу фарзанде ба даргоҳи падар.

Омадам,
рӯди бузур,
эй мавҷҳо,

То шавам чун қатрае ёри шумо,
То шавам воқиф зи асрори шумо,
Мавҷҳою,
мавҷҳою
мавҷҳо!..

||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба