Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД

ОҒОЗ


Мурғи истиқлол омад пайки иқболи баланд,
Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.
Марду зан по шуд ба истиқболи инъоми худо,
Ку расуле, к-оварад имрӯз пайғоми худо.
Дастае мехост чун кабки дарӣ ромаш кунад,
Дастае бо бӯи дон оварда дар домаш кунад.
Устухони хушк бошад, рӯзии симин ҳумо,
Устухон гардад сафед, то ром гардад ин ҳумо.
Нашъаи озодӣ аз хумхона бар майдон гузашт,
Бода хомӣ дошт, боде аз дилу аз ҷон гузашт.
Мардуми побаста чун вораст аз занҷирҳо,
Шуд бурун аз чорчӯби худ ҳама тасвирҳо.
Бехабар аз он ки озодӣ ба имон бастааст,
Нест махлуқе, ки аз занҷиру зиндон растааст.
Ин ду ҳарфи соддаи ноошно таъбир шуд,
Ончунон тасвир шуд, охир нишони тир шуд.
Боз аз ҷанги сухан шуд тоза як захми куҳан,
Ҳар тане мехонд шаҳри хешро танҳо Ватан.
Ин атои осмонӣ сар бо поён рафт, рафт,
Ҳамчу инъоми худоӣ бар гадоён рафт, рафт.
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба