Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


ДОСТОНИ ОТАШ

- Вахш,
Рукнободи кӯҳистони ман,
Қиссаи ман, аввалу анҷоми ман!
Як замоне хурд будам, нотавон,
Ту калон будӣ, чу дарёи калон.
Парниёнам буд рӯи санги ту,
Реги соҳилҳои тиллоранги ту.
Аз саҳар то шом байни хоку об
Месириштиям зи обу офтоб.
Хурд будам, лек чун марди калон
Аз барои ҳурмати оби равон
Дастро аз рӯи оину адаб
Мезадам бар об, мебурдам ба лаб,
Ёр мегаштам ба мавҷи беқарор,
Мавҷҳоят асп мешуд, ман савор,
Дар баландиҳою пастиҳои мавҷ
Гоҳ зер омӯхтию гоҳ авҷ.
Меҳри дарё дар дилам афрӯхтӣ,
Рӯи об истоданам омӯхтӣ.
Хоку оби ман зи обу хоки туст,
Дар бадан хунам зи мавҷи поки туст.
То ки пурбардор чун соҳил шавам,
Якмарому поку дарёдил шавам,
Хизмате кардӣ ту баъд аз модарам,
Хизмататро мисли ҷон мепарварам…
Боз истодам ба наздат бо ниёз,
Ҳамчу тифле, боз як борам навоз.
В-аз барои тӯҳфае бар дӯстон,
Равшании сатрҳои достон,
Баҳри савғое ба тӯи кишварам,
Тоҷикистони азизам, модарам
Як табақ нурам бидеҳ, то сарфароз
Идро гирам ба нурат пешвоз.
Мавҷ бахшидӣ, кунун нурам бидеҳ,
Дар тариқи нур дастурам бидеҳ! –
Гуфтаю таъзим кардам бо адаб,
Дастро бурдам ба пешонӣ, ба лаб,
Бо дили пурорзу, ёриталаб
Ман задам худро ба он дарёи нур;
На ба дарё, балки дар дунёи нур.
Ёфтам: нуре, дуре аз бостон,
Ки шавад он сар ва тоҷи достон.
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба