Эҷодиёт

ДОСТОНҲО

СОЗҲОИ ШЕРОЗ

ШЕЪРҲО

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 1


Чор моҳи дароз дар Дарвоз
Роҳбанд Инқилоби пурэъҷоз.
Қалъаи бекаси амирон боз,
Кулбаи бехаси фақирон боз,
Ҳама ҷо боз,
Лек раҳ баста,
Роҳ чун риштаи гираҳбаста.
Овринги Каведа* - вайрона,
Пушти харсангҳо – ғазохона.
Сарвари ғозиён Диловаршоҳ
Бо сару бесарони давлатхоҳ,
Ҳомиёни нави замону замин
Камари кӯҳро гирифта камин.
Чарх мезад чу чархаи Дарвоз
Аз дами сарсипоҳ ин овоз:
«Тири ман, пири ман – балогардон,
Аз паи тири ман, мусулмонон!..
Чашми шинак чу равзаи ризвон:
Ман бубинам зи равзаи имон
Мурдаи офтобии куфрон.
Зиндаи бесавоби бесомон.
Ман бубинам Алию Кавсарро,
Дулдулу Зулфиқору Барбарро.
Нуру ҳуру дарахти туборо,
Манзили ҷовидонаи моро…
Номи ин сарзамин чу Дарвоз аст,
Ошёни баланди шаҳбоз аст.
Тиру тӯпи адӯ ба кӯхистон
Оварад дарду н-оварад дармон.
Чор моҳ асту қисса дар чоҳ аст,
Ҷони кофар ба қабзи оллоҳ аст.
Карбалои ман ин сари санг аст,
Бар масофи ман ин замин танг аст.
Карбало аз бало амин бодо,
То қиёмат замин камин бодо!»



* Овринги Каведа – кӯҳи Каведа миёни Ванҷу Қалъаи Хум воқеъ аст.
||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба